ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر

شماره صفحه:close

external-link copy
166 : 3

وَمَآ أَصَٰبَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡتَقَى ٱلۡجَمۡعَانِ فَبِإِذۡنِ ٱللَّهِ وَلِيَعۡلَمَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

166. Он чӣ аз ҷароҳату куштор дар рўзи Уҳуд дар бархурди он ду гурўҳ,[291] ба шумо расид, ба қазову қадари ризоияти Аллоҳ буд, то мўъминони ҳақиқиро маълум кунад.[292] info

[291] Яъне, гўруҳи мўъминон ва гўруҳи мушрикон
[292]Тафсири Табарӣ 7/377

التفاسير:

external-link copy
167 : 3

وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ نَافَقُواْۚ وَقِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ قَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوِ ٱدۡفَعُواْۖ قَالُواْ لَوۡ نَعۡلَمُ قِتَالٗا لَّٱتَّبَعۡنَٰكُمۡۗ هُمۡ لِلۡكُفۡرِ يَوۡمَئِذٍ أَقۡرَبُ مِنۡهُمۡ لِلۡإِيمَٰنِۚ يَقُولُونَ بِأَفۡوَٰهِهِم مَّا لَيۡسَ فِي قُلُوبِهِمۡۚ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يَكۡتُمُونَ

167. Ва ононро, ки низ нифоқ варзиданд ва он чи дар дил доштанд, Аллоҳ онро маълум намуд. Чун мўъминон ба онон гуфтанд: «Биёед, дар роҳи Аллоҳ ҷанг кунед ё дифоъ кунед». Мегуфтанд: «Агар медонистем ҷанг карданро ҳамоно пайравӣ мекардем шуморо». Онон (мунофиқон) дар он рўз ба куфр наздиктаранд, на ба имон. Ба забон чизҳоеро мегўянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст![293] info

[293]Тафсири Табарӣ 7/378

التفاسير:

external-link copy
168 : 3

ٱلَّذِينَ قَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ وَقَعَدُواْ لَوۡ أَطَاعُونَا مَا قُتِلُواْۗ قُلۡ فَٱدۡرَءُواْ عَنۡ أَنفُسِكُمُ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

168. Мунофиқоне, ки аз ҷанг кардан бозистоданд ва дар бораи он бародаронашон, ки бо ҳамроҳии мусалмонон дар ҷанги Уҳуд ба мусибат гирифтор шуданд, мегуфтанд; агар ба сухани мо гўш медоданд, кушта намешуданд, бигў эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Агар ростгўй ҳастед дар даъвоятон, маргро аз худатон дур кунед»[294] info

[294]Тафсири Табарӣ 7/382

التفاسير:

external-link copy
169 : 3

وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمۡوَٰتَۢاۚ بَلۡ أَحۡيَآءٌ عِندَ رَبِّهِمۡ يُرۡزَقُونَ

169. Ва касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шуданд, мурда напиндоред, балки онон зиндаанд ва назди Парвардигорашон рўзӣ дода мешаванд. info
التفاسير:

external-link copy
170 : 3

فَرِحِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَيَسۡتَبۡشِرُونَ بِٱلَّذِينَ لَمۡ يَلۡحَقُواْ بِهِم مِّنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

170. Ба он чи Аллоҳ аз фазл ва бахшиши худ ба онҳо додааст, шодмон ҳастанд ва бо он неъматҳо чашмонашон равшан шудааст ва шодмон ва хушҳол ҳастанд, чун он неъматҳо зебо ва фаровон ва бисёр лазиз ва гуворо ҳастанд. Ва якдигарро ба расидани бародароне, ки дар паи ононанд ва ҳанўз ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ки онҳо ҳамон чизеро хоҳанд ёфт, ки онҳо ёфтаанд. Мужда медиҳанд, ки тарсе бар онҳо нест ва андўҳгин намешаванд.[295] info

[295] Тафсири Саъдӣ 1\156

التفاسير:

external-link copy
171 : 3

۞ يَسۡتَبۡشِرُونَ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

171. Ва хушҳол мешаванд ба неъмату фазли Аллоҳ ва ҳамоно Аллоҳ подоши мўъминонро (зоеъ) бекор намекунад. Балки онро зиёд мекунад аз фазлу карамаш. info
التفاسير:

external-link copy
172 : 3

ٱلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِلَّهِ وَٱلرَّسُولِ مِنۢ بَعۡدِ مَآ أَصَابَهُمُ ٱلۡقَرۡحُۚ لِلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ مِنۡهُمۡ وَٱتَّقَوۡاْ أَجۡرٌ عَظِيمٌ

172. Касоне, ки пас аз захмҳо ва ҷароҳатҳое, ки ба онон расида буд, дастури Аллоҳ ва Паёмбарро иҷобат карданд, барои касоне аз онон ки некӣ карданд ва тақво пеша намуданд, подоши бузургест. info
التفاسير:

external-link copy
173 : 3

ٱلَّذِينَ قَالَ لَهُمُ ٱلنَّاسُ إِنَّ ٱلنَّاسَ قَدۡ جَمَعُواْ لَكُمۡ فَٱخۡشَوۡهُمۡ فَزَادَهُمۡ إِيمَٰنٗا وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ وَنِعۡمَ ٱلۡوَكِيلُ

173. Касоне, ки мардум ба онҳо гуфтанд: “Мардум[296] бар зидди шумо ҷамъ шудаанд, пас аз онҳо битарсед”, вале ин амр имонашонро афзуд ва гуфтанд: “Аллоҳ моро кофӣ аст ва Ў беҳтарин сарпараст аст”. info

[296] Абӯсуфён ва ёронаш

التفاسير: