ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر

شماره صفحه:close

external-link copy
116 : 3

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَن تُغۡنِيَ عَنۡهُمۡ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيۡـٔٗاۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

116. Ҳароина касоне, ки ба оёти вай куфр варзиданд ва паёмбаронашро такзиб кардаанд, ҳеҷ наҷотдиҳандае онҳоро аз азоби Аллоҳ наҷот намедиҳад. Ва фарзандон ва молҳояшон, ки барои муқобала бо сахтиҳо омода карда буданд, ба онҳо фоидае намерасонад ваҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд![257] info

[257] Тафсири Саъдӣ 1\144

التفاسير:

external-link copy
117 : 3

مَثَلُ مَا يُنفِقُونَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا كَمَثَلِ رِيحٖ فِيهَا صِرٌّ أَصَابَتۡ حَرۡثَ قَوۡمٖ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَأَهۡلَكَتۡهُۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِنۡ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

117. Мисоли он чи кофирон дар зиндагии ин дунё хайр мекунанд, монанди шамолест бо хунукии сахт аст, ки ба киштзори қавми бар худ ситам карда мерасад ва онро нобуд созад. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, вале онҳо ба сабаби гуноҳашон бар худ ситам мекунанд. info
التفاسير:

external-link copy
118 : 3

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ بِطَانَةٗ مِّن دُونِكُمۡ لَا يَأۡلُونَكُمۡ خَبَالٗا وَدُّواْ مَا عَنِتُّمۡ قَدۡ بَدَتِ ٱلۡبَغۡضَآءُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَمَا تُخۡفِي صُدُورُهُمۡ أَكۡبَرُۚ قَدۡ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ

118. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ў ва амал кардед ба шариати Ў. Аз ғайри худатон кофиронро дўсти пинҳонӣ барнагиред, онҳо аз расондани ҳар гуна зиён ва бадӣ ба шумо худдорӣ намекунанд, дўст доранд, ки шумо гирифтори ранҷ ва машаққат шавед. Душмание, ки аз даҳони онҳо ошкор аст ва он чи дар дил пинҳон доранд, бузургтараст. Ба ростӣ, ки оётро барои шумо баён намудем, агар биандешед. Аллоҳ ҳақиқати амрро бароятон равшан кардааст. Чаро шумо онҳоро дўст доред? Панд гиред аз оёти Аллоҳ ва ҳушёр бошед! info
التفاسير:

external-link copy
119 : 3

هَٰٓأَنتُمۡ أُوْلَآءِ تُحِبُّونَهُمۡ وَلَا يُحِبُّونَكُمۡ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱلۡكِتَٰبِ كُلِّهِۦ وَإِذَا لَقُوكُمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوۡاْ عَضُّواْ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَنَامِلَ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۚ قُلۡ مُوتُواْ بِغَيۡظِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

119. Огоҳ бошед, ки шумо ононро дўст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дўст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китобҳои нозил шуда имон овардаед ва онон ба китоби Қуръон имон наоварданд. Пас чи гуна ононро дўст медоред? Чун шуморо бубинанд, гўянд: (аз рўи нифоқ) «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд, аз он чи мебинанд аз улфату муҳаббати мусулмонон бо ҳамдигар. Бигў: “Бо хашме, ки доред, бимиред ва албатта Аллоҳ ба он чи ки дар даруни синаҳост, доност”. Ва ҳар касро аз он чи пештар омода кардааст, хубӣ ё бадӣ ҷазо медиҳад. Аллоҳ он чиро ки дар дили куффор ва мунофиқин буд, барои бандагони мўъмини худ баён кард.[258] info

[258]Тафсири Бағавӣ 2/96 ва Тафсири Саъдӣ 1\144

التفاسير:

external-link copy
120 : 3

إِن تَمۡسَسۡكُمۡ حَسَنَةٞ تَسُؤۡهُمۡ وَإِن تُصِبۡكُمۡ سَيِّئَةٞ يَفۡرَحُواْ بِهَاۖ وَإِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ لَا يَضُرُّكُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡـًٔاۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا يَعۡمَلُونَ مُحِيطٞ

120. Аз аломати душмании онон ин аст, ки агар хайре[259] ба шумо расад, нороҳат мешаванд ва агар душмане бар шумо ғалаба кунад ва ё баъзе мушкилоти дунявӣ бароятон пеш ояд, хушҳол мешаванд. Агар сабр кунед дар мусибатҳо ва парҳезгорӣ кунед дар амр ва наҳйҳои Аллоҳ, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Аллоҳ бар ҳар кори баде, ки мекунанд он кофирон, огоҳӣ дорад ва ононро ҷазо медиҳад![260] info

[259] Яъне, ҳаргоҳ қудрат ва ғалаба ва тандурустӣ ба шумо бирасад
[260]Тафсири Бағавӣ 2/96

التفاسير:

external-link copy
121 : 3

وَإِذۡ غَدَوۡتَ مِنۡ أَهۡلِكَ تُبَوِّئُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ مَقَٰعِدَ لِلۡقِتَالِۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

121. Ва ба ёд овар ҳангомеро, ки саҳаргоҳон аз миёни аҳли хонаи худ берун рафтӣ ба ҷанги Уҳуд ва ҷои мўъминонро барои ҷанг таъин намудӣ. Ва асҳобатро дар он ҷойгоҳ бар муқобили мушрикин қарор кардӣ ва фармудӣ ҳеҷ кас ба ҷанг намебарояд, то ба ў амр нашавад. Ва Аллоҳ шунаво ва доност. Ва ҳеҷ чизе аз корҳоятон бар Ў пинҳон намемонад.[261] info

[261]Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳоро ба таври аҷибе ҷойгузорӣ кард, ки он бар маҳорати комили сиёсӣ ва ҷангии ў далолат менамояд. Тафсири Саъдӣ 1\145

التفاسير: