Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir

Número de página:close

external-link copy
20 : 4

وَإِنۡ أَرَدتُّمُ ٱسۡتِبۡدَالَ زَوۡجٖ مَّكَانَ زَوۡجٖ وَءَاتَيۡتُمۡ إِحۡدَىٰهُنَّ قِنطَارٗا فَلَا تَأۡخُذُواْ مِنۡهُ شَيۡـًٔاۚ أَتَأۡخُذُونَهُۥ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗا

20. Агар хостед, зане ба ҷои зани дигар бигиред ва ўро (яъне зане, ки ҷудо мешавад) моли бисёре додаед (дар маҳр), пас аз он мол чизеро бознагиред, балки онро ба таври комил ба вай дода ва дар додани он таъхир накунед. Оё мехоҳед маҳрро бо бўҳтон ва гуноҳи ошкор бигиред? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 4

وَكَيۡفَ تَأۡخُذُونَهُۥ وَقَدۡ أَفۡضَىٰ بَعۡضُكُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٖ وَأَخَذۡنَ مِنكُم مِّيثَٰقًا غَلِيظٗا

21. Ва чӣ гуна онро пас мегиред, дар ҳоле ки бо якдигар омезиш кардаед ва занон аз шумо паймони маҳкаме гирифтаанд?! (Ин бузургтарин зулм аст ва инчунин Аллоҳ аз шавҳарон паймони маҳкаме гирифтааст, ки ҳуқуқи ҳамсаронашонро риъоят кунанд.)[330] info

[330] Тафсири Саъдӣ 1\172

التفاسير:

external-link copy
22 : 4

وَلَا تَنكِحُواْ مَا نَكَحَ ءَابَآؤُكُم مِّنَ ٱلنِّسَآءِ إِلَّا مَا قَدۡ سَلَفَۚ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةٗ وَمَقۡتٗا وَسَآءَ سَبِيلًا

22. Ва бо заноне, ки падаронатон ба онон издивоҷ кардаанд, издивоҷ накунед, магар он чи ки қаблан анҷом дода шуда буд, ҳамоно ин кор бисёр зишт ва гуноҳ ва равиши нодурусти бад аст. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 4

حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمۡ أُمَّهَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُمۡ وَعَمَّٰتُكُمۡ وَخَٰلَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُ ٱلۡأَخِ وَبَنَاتُ ٱلۡأُخۡتِ وَأُمَّهَٰتُكُمُ ٱلَّٰتِيٓ أَرۡضَعۡنَكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُم مِّنَ ٱلرَّضَٰعَةِ وَأُمَّهَٰتُ نِسَآئِكُمۡ وَرَبَٰٓئِبُكُمُ ٱلَّٰتِي فِي حُجُورِكُم مِّن نِّسَآئِكُمُ ٱلَّٰتِي دَخَلۡتُم بِهِنَّ فَإِن لَّمۡ تَكُونُواْ دَخَلۡتُم بِهِنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ وَحَلَٰٓئِلُ أَبۡنَآئِكُمُ ٱلَّذِينَ مِنۡ أَصۡلَٰبِكُمۡ وَأَن تَجۡمَعُواْ بَيۡنَ ٱلۡأُخۡتَيۡنِ إِلَّا مَا قَدۡ سَلَفَۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا

23. Аллоҳ бар шумо ҳаром кардааст издивоҷ бо. модаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва додарзодаҳоятон ва хоҳарзодаҳоятон ва модаронатон, ки ба шумо шир додаанд ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ ва модарони ҳамсаронатон ва духтарони занонатон, ки дар зери дасти шумо парвариш ёфтаанд ва бо модарҳояшон омезиш кардаед ва агар бо модарҳояшон омезиш накардаед, гуноҳе бар шумо нест ва ҳамсарони писаронатон, ки аз пушти шумо ҳастанд ва ҷамъи ду хоҳар бо ҳамдигар, магар он чи дар гузашта рўй додааст, ҳамоно Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст. (Ин оёт дарбар мегирад издивоҷ кардан бо заноне, ки бо воситаи насаб, ширхорагӣ, хешовандӣ аз роҳи пайванди заношўӣ ва ҷамъ кардан (бо ҳамдигар) ҳароманд)[331] info

[331] Тафсири Саъдӣ 1\173

التفاسير: