Traducción de los significados del Sagrado Corán - Traducción al tayiko- Khoja Mirov Khoja Mir

Número de página:close

external-link copy
92 : 4

وَمَا كَانَ لِمُؤۡمِنٍ أَن يَقۡتُلَ مُؤۡمِنًا إِلَّا خَطَـٔٗاۚ وَمَن قَتَلَ مُؤۡمِنًا خَطَـٔٗا فَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مُّؤۡمِنَةٖ وَدِيَةٞ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَصَّدَّقُواْۚ فَإِن كَانَ مِن قَوۡمٍ عَدُوّٖ لَّكُمۡ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مُّؤۡمِنَةٖۖ وَإِن كَانَ مِن قَوۡمِۭ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُم مِّيثَٰقٞ فَدِيَةٞ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ وَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مُّؤۡمِنَةٖۖ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ تَوۡبَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا

92. Ва ҳеҷ мўъмине набояд мўъминеро бикушад, магар аз рўи хато ва ҳар кас ки мўъминеро ба хато кушт, пас бояд бандае (ғулом) мўъминеро озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи мақтул (шахси кушташуда) бипардозад (то хотирашон ором гардад), магар ки ворисони мақтул бо авф кардани хунбаҳо даргузаранд. Пас дар ин сурат хунбаҳо аз қотил (шахси кушанда) соқит мешавад. Ва агар мақтул аз гурўҳи душманони шумо буд ва худи ў мўъмин буд, пас қотил бояд бандае мўъмине озод кунад. Ва агар аз қавме буд, ки миёни шумо ва онҳо паймон буд, бояд хунбаҳои мақтулро ба ворисони ў бипардозед ва як бандаи мўъмин озод кунед. Ва ҳар кас банда наёфт ва қимати онро низ надошт, ки дар ивази банда пардохт кунад, пас бояд ду моҳ паёпай рўза бигирад. Аллоҳ инро (ба унвони) қабули тавба муқаррар доштааст. Ва Аллоҳ доно аст ба ҳақиқати ҳоли бандагонаш ва ҳаким аст, ба он чи ки дар шариъати худ барои бандагонаш муқаррар кардааст. info
التفاسير:

external-link copy
93 : 4

وَمَن يَقۡتُلۡ مُؤۡمِنٗا مُّتَعَمِّدٗا فَجَزَآؤُهُۥ جَهَنَّمُ خَٰلِدٗا فِيهَا وَغَضِبَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ وَلَعَنَهُۥ وَأَعَدَّ لَهُۥ عَذَابًا عَظِيمٗا

93. Ва ҳар кас мўъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ў ҷаҳаннам аст ва ҳамеша дар он мемонад ва Аллоҳ бар ў хашм мегирад ва ўро лаънат кардааст ва барои ў азоби бузург омода кардааст, валекин Аллоҳ аҳли имонро мебахшад ва ба фазли хеш онҳоро дар ҷаҳаннам абадан намегузорад. info
التفاسير:

external-link copy
94 : 4

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا ضَرَبۡتُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَتَبَيَّنُواْ وَلَا تَقُولُواْ لِمَنۡ أَلۡقَىٰٓ إِلَيۡكُمُ ٱلسَّلَٰمَ لَسۡتَ مُؤۡمِنٗا تَبۡتَغُونَ عَرَضَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا فَعِندَ ٱللَّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٞۚ كَذَٰلِكَ كُنتُم مِّن قَبۡلُ فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ فَتَبَيَّنُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا

94. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва амал ба шариъати Ӯ доред! Вақте дар роҳи Аллоҳ ба мусофират рафтед, таҳқиқ кунед. Ва ба касе, ки ба шумо бо салом (яъне, калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ) муроҷиат мекунад ва бо шумо намеҷангад, эҳтимол ин ки мўъмин аст, ки имонашро пинҳон кардааст, нагўед, ки ту мўъмин нестӣ, то ба ин тариқ матоъи зиндагонии дунёро биҷўед. Пас назди Аллоҳ ғаниматҳои зиёде аст, ки шумо ҳам пеш аз ин чунин будед, дар ибтидои ислом имони худро аз мушрикони қавматон пинҳон медоштед, вале Аллоҳ бар шумо миннат ниҳод. Ва шуморо ба имон ва қувват азиз гардонд. Пас корҳоятонро дониста таҳқиқ кунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст.[365] info

[365] Тафсири Бағавӣ 2\269

التفاسير: