Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir.

Қиёмат

external-link copy
1 : 75

لَآ أُقۡسِمُ بِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ

1. Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 75

وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ

2. Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст! info
التفاسير:

external-link copy
3 : 75

أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ

3. Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва пароканда гардид? info
التفاسير:

external-link copy
4 : 75

بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُۥ

4. Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд.[3040] info

[3040] Тафсири Табарӣ 24\51

التفاسير:

external-link copy
5 : 75

بَلۡ يُرِيدُ ٱلۡإِنسَٰنُ لِيَفۡجُرَ أَمَامَهُۥ

5.Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 75

يَسۡـَٔلُ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلۡقِيَٰمَةِ

6. Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» info
التفاسير:

external-link copy
7 : 75

فَإِذَا بَرِقَ ٱلۡبَصَرُ

7. Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад info
التفاسير:

external-link copy
8 : 75

وَخَسَفَ ٱلۡقَمَرُ

8.ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 75

وَجُمِعَ ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ

9. ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 75

يَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذٍ أَيۡنَ ٱلۡمَفَرُّ

10.Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез аз азоб куҷост?»[3041] info

[3041] Тафсири Бағавӣ 8\282

التفاسير:

external-link copy
11 : 75

كَلَّا لَا وَزَرَ

11. Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз ( дар он рӯз паноҳгоҳе нест! info
التفاسير:

external-link copy
12 : 75

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمُسۡتَقَرُّ

12.Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод[3042]. info

[3042] Тафсири Саъдӣ 1\899

التفاسير:

external-link copy
13 : 75

يُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذِۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ

13. Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад.[3043] info

[3043]Тафсири ибни Касир 8\277

التفاسير:

external-link copy
14 : 75

بَلِ ٱلۡإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِيرَةٞ

14. Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 75

وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ

15. Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад[3044]. info

[3044] Тафсири Бағавӣ 8\283

التفاسير:

external-link copy
16 : 75

لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦٓ

16. Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад, info
التفاسير:

external-link copy
17 : 75

إِنَّ عَلَيۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ

17. ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад, info
التفاسير:

external-link copy
18 : 75

فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ

18. чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун, info
التفاسير:

external-link copy
19 : 75

ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ

19. сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он барӯҳдаи Мост.[3045] info

[3045] Тафсири Саъдӣ 1\899

التفاسير:

external-link copy
20 : 75

كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ

20. Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест , балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред info
التفاسير:

external-link copy
21 : 75

وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ

21. ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед.[3046] info

[3046] Тафсири Табарӣ 24\70

التفاسير:

external-link copy
22 : 75

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاضِرَةٌ

22. Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон, info
التفاسير:

external-link copy
23 : 75

إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٞ

23. ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 75

وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذِۭ بَاسِرَةٞ

24. Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй), info
التفاسير:

external-link copy
25 : 75

تَظُنُّ أَن يُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةٞ

25. ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд. info
التفاسير:

external-link copy
26 : 75

كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ

26. Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад info
التفاسير:

external-link copy
27 : 75

وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ

27. ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад? info
التفاسير:

external-link copy
28 : 75

وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ

28. Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида info
التفاسير:

external-link copy
29 : 75

وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ

29. ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд, info
التفاسير:

external-link copy
30 : 75

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ

30. он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах. info
التفاسير:

external-link copy
31 : 75

فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ

31. На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст. info
التفاسير:

external-link copy
32 : 75

وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ

32.Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст. info
التفاسير:

external-link copy
33 : 75

ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ

33. Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст. info
التفاسير:

external-link copy
34 : 75

أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ

34. Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту! info
التفاسير:

external-link copy
35 : 75

ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰٓ

35. Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту![3047] info

[3047] Тафсири Табарӣ 24\82

التفاسير:

external-link copy
36 : 75

أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى

36. Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт? info
التفاسير:

external-link copy
37 : 75

أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ

37. Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд? info
التفاسير:

external-link copy
38 : 75

ثُمَّ كَانَ عَلَقَةٗ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ

38. Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт. info
التفاسير:

external-link copy
39 : 75

فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ

39.Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 75

أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ

40. Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст.[3048] info

[3048]Тафсири Табарӣ 24\83

التفاسير: