Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
19 : 74

فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ

19. Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид? info
التفاسير:

external-link copy
20 : 74

ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ

20.Боз ҳам марг барӯ бод, чӣнақшае кашид? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 74

ثُمَّ نَظَرَ

21. Сипас он гоҳ, ки нигарист,(яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон). info
التفاسير:

external-link copy
22 : 74

ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ

22. Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 74

ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ

23. Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 74

فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ يُؤۡثَرُ

24. Пас гуфт дар бораи Қуръон : «Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест. info
التفاسير:

external-link copy
25 : 74

إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ

25. Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст. info
التفاسير:

external-link copy
26 : 74

سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ

26. Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш. info
التفاسير:

external-link copy
27 : 74

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ

27. Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст? info
التفاسير:

external-link copy
28 : 74

لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ

28. На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад. info
التفاسير:

external-link copy
29 : 74

لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ

29. Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст . info
التفاسير:

external-link copy
30 : 74

عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ

30.Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд. info
التفاسير:

external-link copy
31 : 74

وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ

31. Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд[3034] ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари[3035] Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест[3036]. info

[3034] Яъне, он чизе, ки дар Қуръон дар бораи хозинони ҷаҳаннам гуфта шудааст ҳақ аст ва аз назди Аллоҳ аст. Тафсири Табарӣ 30/ 24
[3035] Аз он ҷумла фариштагонро.
[3036] Тафсири Бағавӣ 8/ 271

التفاسير:

external-link copy
32 : 74

كَلَّا وَٱلۡقَمَرِ

32.Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд[3037], савганд ба моҳ! info

[3037] Яъне, Ба рисолати паёмбар бовар намекунанд.

التفاسير:

external-link copy
33 : 74

وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ

33.Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад info
التفاسير:

external-link copy
34 : 74

وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ

34. Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад, info
التفاسير:

external-link copy
35 : 74

إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ

35.ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст. info
التفاسير:

external-link copy
36 : 74

نَذِيرٗا لِّلۡبَشَرِ

36.Тарсонандаи одамиён аст. info
التفاسير:

external-link copy
37 : 74

لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ

37. Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ. info
التفاسير:

external-link copy
38 : 74

كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ

38. Ҳар кас гаравгони корест,ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад,то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад. info
التفاسير:

external-link copy
39 : 74

إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ

39. Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 74

فِي جَنَّٰتٖ يَتَسَآءَلُونَ

40. Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд, info
التفاسير:

external-link copy
41 : 74

عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

41.азкофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд. info
التفاسير:

external-link copy
42 : 74

مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ

42. Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард? info
التفاسير:

external-link copy
43 : 74

قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ

43. Гӯянд гунаҳкорон : “Мо дар дунё аз намозгузорон набудем info
التفاسير:

external-link copy
44 : 74

وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ

44.ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем info
التفاسير:

external-link copy
45 : 74

وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ

45.ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем info
التفاسير:

external-link copy
46 : 74

وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ

46. ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем, info
التفاسير:

external-link copy
47 : 74

حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ

47.то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем” info
التفاسير: