Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir.

Səhifənin rəqəmi:close

external-link copy
15 : 34

لَقَدۡ كَانَ لِسَبَإٖ فِي مَسۡكَنِهِمۡ ءَايَةٞۖ جَنَّتَانِ عَن يَمِينٖ وَشِمَالٖۖ كُلُواْ مِن رِّزۡقِ رَبِّكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥۚ بَلۡدَةٞ طَيِّبَةٞ وَرَبٌّ غَفُورٞ

15. Мардуми Сабаъро, ки аз Яман буданд дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: Ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва дигаре аз ҷониби чап. Аз он чи Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Аллоҳ шаҳри шуморо шаҳри хушу покиза қарор дод ва Парвардигор гуноҳи шуморо омурзандааст! info
التفاسير:

external-link copy
16 : 34

فَأَعۡرَضُواْ فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سَيۡلَ ٱلۡعَرِمِ وَبَدَّلۡنَٰهُم بِجَنَّتَيۡهِمۡ جَنَّتَيۡنِ ذَوَاتَيۡ أُكُلٍ خَمۡطٖ وَأَثۡلٖ وَشَيۡءٖ مِّن سِدۡرٖ قَلِيلٖ

16. Пас онҳо аз амри Аллоҳ рӯй гардонданд ва шукрашро ба ҷо наоварданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва табдил додем ба ивази он ду боғе, ки доштанд ду боғи дигареро, ки меваҳояш бадмазза буд ва дарахти шӯрагаз дошт ва каму беш аз дарахти кукнор. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 34

ذَٰلِكَ جَزَيۡنَٰهُم بِمَا كَفَرُواْۖ وَهَلۡ نُجَٰزِيٓ إِلَّا ٱلۡكَفُورَ

17. Онҳо, ки носипос буданд, инчунин ҷазояшон додем. Оё Мо ҷуз носипосонро ҷазо медиҳем[2105]? info

[2105] Яъне, Мо касеро ҷазо медиҳем, ки ношукрии неъмат кунад, ё вуҷуди ваҳдонияти Моро инкор кунад.

التفاسير:

external-link copy
18 : 34

وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُمۡ وَبَيۡنَ ٱلۡقُرَى ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَا قُرٗى ظَٰهِرَةٗ وَقَدَّرۡنَا فِيهَا ٱلسَّيۡرَۖ سِيرُواْ فِيهَا لَيَالِيَ وَأَيَّامًا ءَامِنِينَ

18. Миёни онҳо (аҳли Сабаъ) ва деҳаҳое, ки баракат дода будем (ва он Шом аст), шаҳрҳое обод ва бо ҳам пайваста бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муъайян кардем. Ва ба онҳо гуфтем: «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед. Ва ҳеҷ хавфе намебаред аз душман ва на аз гуруснагӣ ва на аз ташнагӣ!»[2106] info

[2106] Тафсири Табарӣ 20\388

التفاسير:

external-link copy
19 : 34

فَقَالُواْ رَبَّنَا بَٰعِدۡ بَيۡنَ أَسۡفَارِنَا وَظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَحَادِيثَ وَمَزَّقۡنَٰهُمۡ كُلَّ مُمَزَّقٍۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّكُلِّ صَبَّارٖ شَكُورٖ

19. Бар худ ситам карданд ва аз роҳат ва эминӣ малолу дилтанг шуданд ва дарозии сафар ва дурӣ миёни ободиҳоро орзу намуданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур гардон!» Пас Мо низ онҳоро, барои ибрати дигарон афсонаҳое қарор додем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин (аҳли Сабаъ) ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор! info
التفاسير:

external-link copy
20 : 34

وَلَقَدۡ صَدَّقَ عَلَيۡهِمۡ إِبۡلِيسُ ظَنَّهُۥ فَٱتَّبَعُوهُ إِلَّا فَرِيقٗا مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

20. Шайтон гумони худро дар бораи онҳо (фарзандони Одам) дуруст ёфт, ки ӯ онҳоро гумроҳ мекунад ва онҳо ӯро зуд пайравӣ мекунанд. Пас ба ҷуз гурӯҳе аз мӯъминон дигарон баӯ пайравӣ карданд.[2107] info

[2107] Тафсири Бағавӣ 6\397

التفاسير:

external-link copy
21 : 34

وَمَا كَانَ لَهُۥ عَلَيۡهِم مِّن سُلۡطَٰنٍ إِلَّا لِنَعۡلَمَ مَن يُؤۡمِنُ بِٱلۡأٓخِرَةِ مِمَّنۡ هُوَ مِنۡهَا فِي شَكّٖۗ وَرَبُّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَفِيظٞ

21. Ва шайтон ҳеҷ салтанат ва қудрате бар онҳо надорад ва наметавонад онҳоро ба он чи мехоҳад, фармоиш диҳад, магар он ки мехостем маълум кунем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест! info
التفاسير:

external-link copy
22 : 34

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا لَهُمۡ فِيهِمَا مِن شِرۡكٖ وَمَا لَهُۥ مِنۡهُم مِّن ظَهِيرٖ

22. Бигӯ эй Расул барои мушрикон: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Аллоҳи якто маъбуд мепиндоред!» Онҳо молики заррае, дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниш ва тадбири он ду (яъне, осмону замин) ширкате надоранд ва Ӯ (Аллоҳ) аз миёни онҳо ёвар ва пуштибоне надорад, балки Аллоҳ худ дар офариниш якто аст ва шарике надорад, инчунин дар ибодати Ӯ касе шарик нест ва ба ҷуз Ӯ касе лоиқи парастиш нест. info
التفاسير: