32. Ва орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст, барои мардон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва барои занон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва аз Аллоҳ фазли Ӯро биҷўед, ҳамоно Аллоҳ ба ҳар чизе огоҳ аст. (Аллоҳ ба ҳар кас чизеро медиҳад, ки шоистагии бархўрдории онро дорад. Ва неъматҳои худро ба касе намедиҳад, ки шоистаи он набошад.)[335]
33. Ва барои ҳар касе ворисоне қарор додаем, ки бояд аз амволи падару модар ва хешовандонаш барои ў боқӣ гузошта ба вай дода шавад. Ва бо касоне, ки паймон бастаед, насибашонро бидиҳед, бегумон Аллоҳ ба ҳар чизе ҳозир ва огоҳ аст.