163. Мо ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй фиристодем, ҳамчунон ки ба Нўҳ ва паёмбарони баъд аз ў ваҳй фиристодем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Аюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон (алайҳимуссалом) ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забурро додем.
164. Ва паёмбароне, ки пеш аз ин қиссаҳояшонро барои ту гуфтаем дар Қуръон ва он, ки қиссаҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Аллоҳ бо Мӯсо (алайҳиссалом) сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита.
165. Паёмбароне, ки муждадиҳанда[416]ва тарсонанда[417] буданд, то баъд аз паёмбарон далел ва ҳуҷҷате барои мардум бар Аллоҳ боқӣ намонад. Ва Аллоҳ ғолиб аст дар мулкаш ва дар тадбираш бо ҳикмат аст.
167. Ҳамоно касоне, ки инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд.[419]
170. Эй мардум! Ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳақ ва ҳақиқатро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардааст, пас ба ў имон биёваред ва ўро пайравӣ намоед, ки имон овардан беҳтар бошад барои шумо. Ва агар бар куфри худ давомат кардед зарари худи шумост, зеро Аллоҳ ба шумо ва имонатон эҳтиёҷ надорад. Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст![420]