የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር

የገፅ ቁጥር:close

external-link copy
4 : 35

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدۡ كُذِّبَتۡ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِكَۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ

4. Агар туро эй Расул қавми ту дурӯғгӯ шумориданд, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту будаанд, дурӯғгӯ бароварданд ва ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бозгардонда мешавад, пас ҳар якеро тибқи амалаш ҷазо дода мешавад.[2130] info

[2130] Ин оят барои Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам тасаллоӣ мебошад.

التفاسير:

external-link copy
5 : 35

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُم بِٱللَّهِ ٱلۡغَرُورُ

5. Эй мардум, ваъдаи Аллоҳ дар бораи қиёмат ва савобу азоб ҳақ аст. Зиндагии дунё (лаззат ва шаҳватҳояш) шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда шуморо дар бораи Аллоҳ[2131] нафиребад. info

[2131] Яъне, шайтон дар дили шумо меандозад, ки даргоҳи Аллоҳ васеъ, Ӯ омӯрзандаи гуноҳон ва бахшояндаи меҳрубон аст, ба ин сабаб бепарво шуда даст ба маъсият мезанед.

التفاسير:

external-link copy
6 : 35

إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لَكُمۡ عَدُوّٞ فَٱتَّخِذُوهُ عَدُوًّاۚ إِنَّمَا يَدۡعُواْ حِزۡبَهُۥ لِيَكُونُواْ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ

6. Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. Ӯро душман гиред ва итоъат макунед ӯро. Албатта, ӯ фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дӯзахиён бошанд. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 35

ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٌ

7.Ва онон, ки кофир шуданд ва ягонагии Аллоҳро инкор кардаанд ва низ он чи паёмбарон овардаанд, инкор кардаанд, барояшон дар охират азоби сахтест ва барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омӯрзиш аз гуноҳҳояшон ва савоби бузургест. Ва он ҷаннат аст. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 35

أَفَمَن زُيِّنَ لَهُۥ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ فَرَءَاهُ حَسَنٗاۖ فَإِنَّ ٱللَّهَ يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۖ فَلَا تَذۡهَبۡ نَفۡسُكَ عَلَيۡهِمۡ حَسَرَٰتٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا يَصۡنَعُونَ

8. Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, пас онро нек ва зебо мебинад, монанди мӯъмини шоистакор аст? Пас, Аллоҳ, ба таҳқиқ, ҳар киро бихоҳад бероҳ гардонад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят кунад ҳидоят мекунад. Набояд, ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори ғаму андӯҳ шавад. Албатта, Аллоҳ ба корҳои баде, ки мекунанд, огоҳ аст ва ба бадтарин ҷазо гирифторашон мекунад[2132]. info

[2132] Тафсири Табарӣ 20\442

التفاسير:

external-link copy
9 : 35

وَٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابٗا فَسُقۡنَٰهُ إِلَىٰ بَلَدٖ مَّيِّتٖ فَأَحۡيَيۡنَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۚ كَذَٰلِكَ ٱلنُّشُورُ

9. Ва Аллоҳаст, он Зоте, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоро барангезанд. Пас мо он абрҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро бо василаи он зинда мекунем. Зинда гаштан дар рӯзи қиёмат низ чунин аст. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 35

مَن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡعِزَّةَ فَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ جَمِيعًاۚ إِلَيۡهِ يَصۡعَدُ ٱلۡكَلِمُ ٱلطَّيِّبُ وَٱلۡعَمَلُ ٱلصَّٰلِحُ يَرۡفَعُهُۥۚ وَٱلَّذِينَ يَمۡكُرُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞۖ وَمَكۡرُ أُوْلَٰٓئِكَ هُوَ يَبُورُ

10. Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, аз Аллоҳ талаб намояд ва бидонад, ки иззат ҳама аз они Аллоҳ аст ва ҷуз бо итоат ва пайравӣ аз Ӯба даст намеояд. Сухани хушу пок мисли тиловати Қуръон ва тасбеҳ ва зикри Аллоҳ ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои он мушрикҳо, ки аз рӯи макр ба фасодкорӣ мепардозанд, азоби сахтест ва макрашон низ аз миён меравад.[2133] info

[2133] Тафсири Табарӣ 20\ 446

التفاسير:

external-link copy
11 : 35

وَٱللَّهُ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ جَعَلَكُمۡ أَزۡوَٰجٗاۚ وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلۡمِهِۦۚ وَمَا يُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٖ وَلَا يُنقَصُ مِنۡ عُمُرِهِۦٓ إِلَّا فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ

11. Ва Аллоҳ шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомила намешавад ва таваллуд намекунад, магар ба илми Ӯ. Ва ҳеҷ солхӯрдае умре ба ӯ доданамешавад ва аз умри касе чизе кам намегардад, ҷуз он ки ҳама дар китоби Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст. Ва бешак, ин корҳо бар Аллоҳ осон аст! info
التفاسير: