የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር

የገፅ ቁጥር:close

external-link copy
31 : 33

۞ وَمَن يَقۡنُتۡ مِنكُنَّ لِلَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتَعۡمَلۡ صَٰلِحٗا نُّؤۡتِهَآ أَجۡرَهَا مَرَّتَيۡنِ وَأَعۡتَدۡنَا لَهَا رِزۡقٗا كَرِيمٗا

31. Ва ҳар кас аз шумо, ки фармонбардории Аллоҳ ва паёмбарашро давом диҳад ва кори шоиста кунад, назар ба дигар занон ду баробар ба ӯ подош медиҳем. Ва барои ӯ ризқи нек омода кардаем ва он ҷаннат аст. info
التفاسير:

external-link copy
32 : 33

يَٰنِسَآءَ ٱلنَّبِيِّ لَسۡتُنَّ كَأَحَدٖ مِّنَ ٱلنِّسَآءِ إِنِ ٱتَّقَيۡتُنَّۚ فَلَا تَخۡضَعۡنَ بِٱلۡقَوۡلِ فَيَطۡمَعَ ٱلَّذِي فِي قَلۡبِهِۦ مَرَضٞ وَقُلۡنَ قَوۡلٗا مَّعۡرُوفٗا

32. Эй занони Паёмбар, шумо дар манзалату бузургӣ монанди дигар занон нестед, агар аз Аллоҳ битарсед бо иҷро намудани фармудаҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш, пас, ба одамони номаҳрам ба нармӣ сухан магӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигӯед, ки он дур аз шак ва тибқи шариъат бошад.[2052] info

[2052]Риоя кардани ин одоб бар ҳар зани мӯъминае, ки имон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат дорад, воҷиб аст. Тафсири Саъдӣ 1\663

التفاسير:

external-link copy
33 : 33

وَقَرۡنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجۡنَ تَبَرُّجَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ ٱلۡأُولَىٰۖ وَأَقِمۡنَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتِينَ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِعۡنَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيُذۡهِبَ عَنكُمُ ٱلرِّجۡسَ أَهۡلَ ٱلۡبَيۡتِ وَيُطَهِّرَكُمۡ تَطۡهِيرٗا

33. Ва дар хонаҳои худ бимонед, ба ҷуз барои ҳоҷати хеш берун наоед. Ва чун дар ҷоҳилият (дар даврони пеш аз ислом) зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намозро пурра дар вақташ бигузоред ва закоти муқаррар кардаи шариъатро бидиҳед ва аз Аллоҳу паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт[2053], ба таҳқиқ Аллоҳ мехоҳад палидию нопокиҳоро аз шумо дур кунад ва шуморо аз бадиҳо пок нигоҳ дорад. info

[2053] Аҳли байт гуфта: занони Расули Аллҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва зурриёташон дар назар аст.

التفاسير:

external-link copy
34 : 33

وَٱذۡكُرۡنَ مَا يُتۡلَىٰ فِي بُيُوتِكُنَّ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱلۡحِكۡمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ لَطِيفًا خَبِيرًا

34. Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Аллоҳ (Қуръон) ва ҳикмат (ҳадисҳои расули Аллоҳ) тиловат мешавад, ёд кунед ва ба суннаташ амал кунед ва эҳтиромашро ба ҷо оред, ки неъмати Аллоҳ аст, ба шумо арзонӣ шудааст. Ҳароина, Аллоҳ дақиқу нозукбин аст, ки шуморо дар хонаҳое қарор додааст дар он оёти Аллоҳ ва суннати Расулаш хонда мешавад ва огоҳ аст, ки шуморо аз зумраи ҳамсарони расулаш ихтиёр кардааст![2054] info

[2054] Тафсири Табарӣ 20\268

التفاسير:

external-link copy
35 : 33

إِنَّ ٱلۡمُسۡلِمِينَ وَٱلۡمُسۡلِمَٰتِ وَٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلصَّٰدِقَٰتِ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰبِرَٰتِ وَٱلۡخَٰشِعِينَ وَٱلۡخَٰشِعَٰتِ وَٱلۡمُتَصَدِّقِينَ وَٱلۡمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّٰٓئِمِينَ وَٱلصَّٰٓئِمَٰتِ وَٱلۡحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمۡ وَٱلۡحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا

35. Албатта, Аллоҳ барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву ва занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, омӯрзиши гуноҳ ва музди бузурге омода кардааст ва он ҷаннат аст! info
التفاسير: