የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ትርጉም - በሩዋድ የትርጉም ማዕከል

Зумар

external-link copy
1 : 39

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
2 : 39

إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ

Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун info
التفاسير:

external-link copy
3 : 39

أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ

Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ таоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ таоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ таоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард info
التفاسير:

external-link copy
4 : 39

لَّوۡ أَرَادَ ٱللَّهُ أَن يَتَّخِذَ وَلَدٗا لَّٱصۡطَفَىٰ مِمَّا يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ سُبۡحَٰنَهُۥۖ هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ

Агар Аллоҳ таоло мехост фарзанде баргузинад, аз миёни офаридагони худ ҳар чи мехост, бармегузид. Ӯ муназзаҳ [аз ин нисбатҳо] аст ва Ӯст Аллоҳи ягонаи пирӯзманд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 39

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۖ يُكَوِّرُ ٱلَّيۡلَ عَلَى ٱلنَّهَارِ وَيُكَوِّرُ ٱلنَّهَارَ عَلَى ٱلَّيۡلِۖ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمًّىۗ أَلَا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفَّٰرُ

Осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офарид. Шабро бар рӯз мегустуронад ва рӯзро бар шаб ва хуршеду моҳро дар хидмат [-и шумо] гумошт, ки ҳар як то саромади муайяне равон аст. Огоҳ бошед! Ӯ шикастнопазири омурзгор аст info
التفاسير: