የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ትርጉም - በሩዋድ የትርጉም ማዕከል

Анбиё

external-link copy
1 : 21

ٱقۡتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمۡ وَهُمۡ فِي غَفۡلَةٖ مُّعۡرِضُونَ

Замони ҳисоби мардум наздик шудааст ва онон дар ноогоҳӣ [аз бозхости охират] рӯй гардонанд info
التفاسير:

external-link copy
2 : 21

مَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّن رَّبِّهِم مُّحۡدَثٍ إِلَّا ٱسۡتَمَعُوهُ وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ

Ҳеҷ панди тозае аз Парвардигорашон барои онон намеояд, магар он ки бозикунон ба он гӯш медиҳанд info
التفاسير:

external-link copy
3 : 21

لَاهِيَةٗ قُلُوبُهُمۡۗ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّجۡوَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ هَلۡ هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡۖ أَفَتَأۡتُونَ ٱلسِّحۡرَ وَأَنتُمۡ تُبۡصِرُونَ

[Паёми илоҳиро дар ҳоле мешунаванд, ки] дилҳояшон ғофил аст ва касоне, ки [кофир ва] ситамгор буданд, наҷвоҳояшонро пинҳон карданд [ва гуфтанд]: «Оё ин [муддаии паёмбарӣ] ҷуз башаре ҳамчун шумост? Оё дар ҳоле ки [ҳақиқатро] мебинед, ба ҷоду рӯй меоваред?» info
التفاسير:

external-link copy
4 : 21

قَالَ رَبِّي يَعۡلَمُ ٱلۡقَوۡلَ فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

[Паёмбар] гуфт: «Парвардигорам ҳар суханеро, ки дар осмон ва замин бошад медонад ва Ӯ шунавову доност» info
التفاسير:

external-link copy
5 : 21

بَلۡ قَالُوٓاْ أَضۡغَٰثُ أَحۡلَٰمِۭ بَلِ ٱفۡتَرَىٰهُ بَلۡ هُوَ شَاعِرٞ فَلۡيَأۡتِنَا بِـَٔايَةٖ كَمَآ أُرۡسِلَ ٱلۡأَوَّلُونَ

Балки [кофирон дар ситез бо Қуръон] гуфтанд: «[Он чи Муҳаммад мегӯяд] хобҳое ошуфта аст, балки онро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат медиҳад. [На] Балки ӯ шоир аст. Пас, [агар рост мегӯяд] бароямон муъҷизае биёварад, чунон ки паёмбарони пешин [низ бо муъҷизот] фиристода шуданд» info
التفاسير:

external-link copy
6 : 21

مَآ ءَامَنَتۡ قَبۡلَهُم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَآۖ أَفَهُمۡ يُؤۡمِنُونَ

Пеш аз онон [низ сокинони ҳар] шаҳре, ки нобудаш мекардем, [ба оёт ва муъҷизоти Мо] имон наоварда буданд. Пас, оё [инҳо] имон меоваранд? info
التفاسير:

external-link copy
7 : 21

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا قَبۡلَكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ

Ва [эй Паёмбар] пеш аз ту ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем [барои ҳидояти мардум] нафиристодем, пас, [эй кофирон] агар намедонед, аз аҳли китоб бипурсед info
التفاسير:

external-link copy
8 : 21

وَمَا جَعَلۡنَٰهُمۡ جَسَدٗا لَّا يَأۡكُلُونَ ٱلطَّعَامَ وَمَا كَانُواْ خَٰلِدِينَ

Ва [мо] ононро пайкарҳое, ки ғизо нахӯранд, қарор надодем ва [дар дунё низ] ҷовидон набуданд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 21

ثُمَّ صَدَقۡنَٰهُمُ ٱلۡوَعۡدَ فَأَنجَيۡنَٰهُمۡ وَمَن نَّشَآءُ وَأَهۡلَكۡنَا ٱلۡمُسۡرِفِينَ

Сипас ваъдаеро, ки [дар бораи пирӯзӣ ва наҷот] ба онон дода будем, таҳаққуқ бахшидем ва ононро ба ҳамроҳи ҳар ки хостем, наҷот додем ва исрофкорон [-и кофир]-ро нобуд кардем info
التفاسير:

external-link copy
10 : 21

لَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ كِتَٰبٗا فِيهِ ذِكۡرُكُمۡۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

Бе тардид, китобе ба сӯятон нозил кардем, ки иззат [-у шарафи дунё ва охират]-и шумо дар он аст. Оё намеандешед? info
التفاسير: