የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ትርጉም - በሩዋድ የትርጉም ማዕከል

Марям

external-link copy
1 : 19

كٓهيعٓصٓ

Коф, ҳо, ё, ъайн, сод.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 19

ذِكۡرُ رَحۡمَتِ رَبِّكَ عَبۡدَهُۥ زَكَرِيَّآ

[Ин] Баёни раҳмати Парвардигорат [нисбат] ба бандааш Закариёст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 19

إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥ نِدَآءً خَفِيّٗا

Он гоҳ ки Парвардигорашро ба нидое пинҳон [ба дуо] хонд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 19

قَالَ رَبِّ إِنِّي وَهَنَ ٱلۡعَظۡمُ مِنِّي وَٱشۡتَعَلَ ٱلرَّأۡسُ شَيۡبٗا وَلَمۡ أَكُنۢ بِدُعَآئِكَ رَبِّ شَقِيّٗا

Гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки устухонам суст шуда ва мӯйҳоям аз пирӣ сапед гашта ва эй Парвардигорам, [ҳаргиз] дар дуои ту [аз иҷобат] бебаҳра набудаам info
التفاسير:

external-link copy
5 : 19

وَإِنِّي خِفۡتُ ٱلۡمَوَٰلِيَ مِن وَرَآءِي وَكَانَتِ ٱمۡرَأَتِي عَاقِرٗا فَهَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ وَلِيّٗا

Ва ман пас аз [марги] худ аз хешовандонам [нисбат ба ҳифзи дини Ту] бимнокам ва ҳамсарам [низ] нозост; пас, ба лутфи хеш фарзанде ба ман ато фармо info
التفاسير:

external-link copy
6 : 19

يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنۡ ءَالِ يَعۡقُوبَۖ وَٱجۡعَلۡهُ رَبِّ رَضِيّٗا

[Писаре, ки] Вориси ману вориси хонадони Яъқуб бошад; ва Парвардигоро, ӯро [дар илму дин инсоне] писандида гардон» info
التفاسير:

external-link copy
7 : 19

يَٰزَكَرِيَّآ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ ٱسۡمُهُۥ يَحۡيَىٰ لَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ مِن قَبۡلُ سَمِيّٗا

[Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карду фармуд] «Эй Закариё, Мо туро ба [таваллуди] писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст [ва] пеш аз ин ҳамноме барояш қарор надодаем» info
التفاسير:

external-link copy
8 : 19

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَكَانَتِ ٱمۡرَأَتِي عَاقِرٗا وَقَدۡ بَلَغۡتُ مِنَ ٱلۡكِبَرِ عِتِيّٗا

[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, чи гуна писаре хоҳам дошт, дар ҳоле ки ҳамсарам нозост ва ман [низ] аз шиддати пирӣ ба нотавонӣ расидаам?» info
التفاسير:

external-link copy
9 : 19

قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞ وَقَدۡ خَلَقۡتُكَ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ تَكُ شَيۡـٔٗا

[Фаришта] Гуфт: «Ин гуна аст [ки ту мегӯӣ, вале] Парвардигорат фармудааст: «Ин [амр] барои Ман осон аст ва ба ростӣ, пеш аз ин [низ] туро офаридем, дар ҳоле ки чизе набудӣ» info
التفاسير:

external-link copy
10 : 19

قَالَ رَبِّ ٱجۡعَل لِّيٓ ءَايَةٗۖ قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَ لَيَالٖ سَوِيّٗا

[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, барои ман нишонае [бар таҳаққуқи ин башорат] қарор бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки cе шабона [рӯз] дар ҳоле ки солим [ва тандуруст] ҳастӣ, бо мардум сухан намегӯӣ» info
التفاسير:

external-link copy
11 : 19

فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ مِنَ ٱلۡمِحۡرَابِ فَأَوۡحَىٰٓ إِلَيۡهِمۡ أَن سَبِّحُواْ بُكۡرَةٗ وَعَشِيّٗا

Пас, ӯ аз меҳроб [ ҷойгоҳи ибодаташ] ба сӯйи қавмаш рафт ва ба онон ишора кард, ки: «бомдоду шомгоҳ [Парвардигорро] ба покӣ ёд кунед» info
التفاسير: