የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ትርጉም - በሩዋድ የትርጉም ማዕከል

የገፅ ቁጥር:close

external-link copy
97 : 17

وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُمۡ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِهِۦۖ وَنَحۡشُرُهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ عُمۡيٗا وَبُكۡمٗا وَصُمّٗاۖ مَّأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ كُلَّمَا خَبَتۡ زِدۡنَٰهُمۡ سَعِيرٗا

Ва ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз барояшон ба ҷуз Ӯ [Аллоҳ таоло] дӯстоне нахоҳӣ ёфт; ва ононро дар қиёмат нобино ва гунг ва ношунаво маҳшур мегардонем, [дар ҳоле ки] бар суратҳояшон [кашида мешаванд]; ҷойгоҳашон дузах аст [ки] ҳар гоҳ шуълааш фурӯ нишинад, шарорае бар онон меафзоем info
التفاسير:

external-link copy
98 : 17

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُم بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقٗا جَدِيدًا

Ин ҷазои онон аст; чаро ки оёти Моро инкор карданд ва гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офаринише ҷадид барангехта мешавем?» info
التفاسير:

external-link copy
99 : 17

۞ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۡ وَجَعَلَ لَهُمۡ أَجَلٗا لَّا رَيۡبَ فِيهِ فَأَبَى ٱلظَّٰلِمُونَ إِلَّا كُفُورٗا

Оё надонистанд Аллоҳро, ки осмонҳо ва заминро офарида аст, метавонад ҳаммонанди ононро биёфаринад ва барояшон аҷале таъйин кардааст, ки ҳеҷ тардиде дар он нест? Ва [-ле] ситамгорон ҷуз инкор [-и чизеро] напазируфтанд info
التفاسير:

external-link copy
100 : 17

قُل لَّوۡ أَنتُمۡ تَمۡلِكُونَ خَزَآئِنَ رَحۡمَةِ رَبِّيٓ إِذٗا لَّأَمۡسَكۡتُمۡ خَشۡيَةَ ٱلۡإِنفَاقِۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ قَتُورٗا

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар шумо молики ганҷинаҳои [бахшишу] раҳмати Парвардигорам будед, [боз ҳам] аз бими харҷ кардан [ва тангдастӣ] аз инфоқ худдорӣ мекардед; ва инсон ҳамвора бахил [ва тангназар] аст» info
التفاسير:

external-link copy
101 : 17

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ تِسۡعَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ فَسۡـَٔلۡ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ إِذۡ جَآءَهُمۡ فَقَالَ لَهُۥ فِرۡعَوۡنُ إِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰمُوسَىٰ مَسۡحُورٗا

Ва ба ростӣ, Мо нуҳ муъҷизаи равшан [-ро ба унвони нишонаҳои паёмбарӣ] ба Мӯсо додем; пас, аз Бани Исроил бипурс, он гоҳ ки [Мӯсо] наздашон омад ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, яқинан туро афсуншуда мепиндорам» info
التفاسير:

external-link copy
102 : 17

قَالَ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَآ أَنزَلَ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ بَصَآئِرَ وَإِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰفِرۡعَوۡنُ مَثۡبُورٗا

[Мӯсо] Гуфт: «Ту, ҳатман, медонӣ, ки инҳо [муъҷизот]-ро [касе] ҷуз Парвардигори осмонҳо ва замин нафиристодааст. [Ин муъҷизот] Далоили равшан [дар бораи қудрату ягонагии Аллоҳ таоло ва ростгӯии паёмбараш ҳастанд]; ва, эй Фиръавн, ба ростӣ, ки туро ҳалокшуда [ва зиёндида] мепиндорам» info
التفاسير:

external-link copy
103 : 17

فَأَرَادَ أَن يَسۡتَفِزَّهُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ فَأَغۡرَقۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ جَمِيعٗا

Пас, [Фиръавн] хост, ки онон [Бани Исроил]-ро аз он сарзамин берун кунад; ва[-ле Мо] ӯ ва тамоми касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, ғарқ кардем info
التفاسير:

external-link copy
104 : 17

وَقُلۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ لِبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱسۡكُنُواْ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ جِئۡنَا بِكُمۡ لَفِيفٗا

Ва пас аз [нобудии] ӯ ба Бани Исроил гуфтем: «Дар сарзамин [-и Шом] сокин шавед ва ҳангоме ки ваъдаи охират фаро расид, ҳамаи шуморо бо ҳам [ба сарои маҳшар] меоварем» info
التفاسير: