《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。

页码:close

external-link copy
68 : 7

أُبَلِّغُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَأَنَا۠ لَكُمۡ نَاصِحٌ أَمِينٌ

68.Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман хайрхоҳу аминам барои шумо. info
التفاسير:

external-link copy
69 : 7

أَوَعَجِبۡتُمۡ أَن جَآءَكُمۡ ذِكۡرٞ مِّن رَّبِّكُمۡ عَلَىٰ رَجُلٖ مِّنكُمۡ لِيُنذِرَكُمۡۚ وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ جَعَلَكُمۡ خُلَفَآءَ مِنۢ بَعۡدِ قَوۡمِ نُوحٖ وَزَادَكُمۡ فِي ٱلۡخَلۡقِ بَصۜۡطَةٗۖ فَٱذۡكُرُوٓاْ ءَالَآءَ ٱللَّهِ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

69.Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред (неъмати Аллоҳро) он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисми шумоқувват дод[689]. Пас неъматҳои Аллоҳро ба ёд оваред, бошад, ки растагор гардед!» info

[689] Қавми Од хело ҳам бузург ҷусса ва бо қувват буданд. Тафсири Табарӣ 12/ 505

التفاسير:

external-link copy
70 : 7

قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا لِنَعۡبُدَ ٱللَّهَ وَحۡدَهُۥ وَنَذَرَ مَا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَا فَأۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

70. Қавми Од ба Ҳуд (алайҳиссалом)гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Аллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд аз бутҳо, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ (яъне азобро), биёвар!» info
التفاسير:

external-link copy
71 : 7

قَالَ قَدۡ وَقَعَ عَلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ رِجۡسٞ وَغَضَبٌۖ أَتُجَٰدِلُونَنِي فِيٓ أَسۡمَآءٖ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّا نَزَّلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٖۚ فَٱنتَظِرُوٓاْ إِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُنتَظِرِينَ

71. Ҳуд (алайҳиссалом)гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо нозил хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое, ки худ ва падаронатон ба ин номҳо гузоштаед ва Аллоҳ ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ситезаву муноқиша мекунед? Пас интизор бошед азоби Аллоҳро, ҳамоно ман ҳам бо шумо мунтазир ҳастам». info
التفاسير:

external-link copy
72 : 7

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَقَطَعۡنَا دَابِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۖ وَمَا كَانُواْ مُؤۡمِنِينَ

72. Пас Ҳуд (алайҳиссаломро) ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш наҷот додем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ пиндоштанд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем. info
التفاسير:

external-link copy
73 : 7

وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ قَدۡ جَآءَتۡكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡۖ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمۡ ءَايَةٗۖ فَذَرُوهَا تَأۡكُلۡ فِيٓ أَرۡضِ ٱللَّهِۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

73.Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳ(алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷмаъбуди барҳақ нест. Аз ҷониби Аллоҳ барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Аллоҳ бароятон нишонаест. Раҳояш кунед, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт. info
التفاسير: