《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。

页码:close

external-link copy
23 : 7

قَالَا رَبَّنَا ظَلَمۡنَآ أَنفُسَنَا وَإِن لَّمۡ تَغۡفِرۡ لَنَا وَتَرۡحَمۡنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

23. Гуфтанд (Одам ва Ҳавво): «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ба хӯрдани меваи он дарахт ва агар моро наёмӯрзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта аз зиёндидагон хоҳем буд». info
التفاسير:

external-link copy
24 : 7

قَالَ ٱهۡبِطُواْ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ وَلَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُسۡتَقَرّٞ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ

24. Аллоҳ (ба Одаму Ҳавво ва Иблис) гуфт: «Фуруд оед аз осмон, бархе душмани бархе дигар ва то дами марг замин қароргоҳ ва ҷои таматтӯъи (баҳрабардории) шумо хоҳад буд».[663] info

[663] Тафсири Табарӣ 12 / 359

التفاسير:

external-link copy
25 : 7

قَالَ فِيهَا تَحۡيَوۡنَ وَفِيهَا تَمُوتُونَ وَمِنۡهَا تُخۡرَجُونَ

25. Аллоҳ (ба Одам ва Ҳавво) гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед дар рӯзи қиёмат». info
التفاسير:

external-link copy
26 : 7

يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ قَدۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكُمۡ لِبَاسٗا يُوَٰرِي سَوۡءَٰتِكُمۡ وَرِيشٗاۖ وَلِبَاسُ ٱلتَّقۡوَىٰ ذَٰلِكَ خَيۡرٞۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَ

26.Эй фарзандони Одам, ҳамоно барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва ин либос зарурӣ аст ва низ либоси зиннатро, ки ин либоси камоли неъмат аст. Ва либоси парҳезгорӣ,[664] ки ин ба ҷо овардани амрҳои Аллоҳ ва дур будан аз манъкардаҳои Ӯст ва он беҳтаринлибос аст барои мӯъмин. Ва ин яке аз оёти Аллоҳ аст, бошад, ки панд гиранд. info

[664] Яъне имон ва ҳаё , беҳтарин либоси мӯъмин аст. Тафсири Табарӣ 12/ 366

التفاسير:

external-link copy
27 : 7

يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ لَا يَفۡتِنَنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ كَمَآ أَخۡرَجَ أَبَوَيۡكُم مِّنَ ٱلۡجَنَّةِ يَنزِعُ عَنۡهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوۡءَٰتِهِمَآۚ إِنَّهُۥ يَرَىٰكُمۡ هُوَ وَقَبِيلُهُۥ مِنۡ حَيۡثُ لَا تَرَوۡنَهُمۡۗ إِنَّا جَعَلۡنَا ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ

27.Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро (Одам ва Ҳавворо) аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон берун кард, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ҳамоно шайтон ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ҳамоно Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки ба ягонагии Аллоҳ имон намеоваранд. info
التفاسير:

external-link copy
28 : 7

وَإِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةٗ قَالُواْ وَجَدۡنَا عَلَيۡهَآ ءَابَآءَنَا وَٱللَّهُ أَمَرَنَا بِهَاۗ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِۖ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

28.Чун куффор кори зиште кунанд[665], гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Аллоҳ моро ба он фармон додааст». Бигӯ эй Паёмбар: «Аллоҳ ба зишткорӣ фармон намедиҳад.Чаро ба Аллоҳ нисбат медиҳед, он чизҳоеро, ки намедонед?» info

[665] Яке аз корҳои зишташон ин буд, ки онон хонаи Каъбаро тани бараҳна тавоф мекарданд. Тафсири Табарӣ 12/ 378

التفاسير:

external-link copy
29 : 7

قُلۡ أَمَرَ رَبِّي بِٱلۡقِسۡطِۖ وَأَقِيمُواْ وُجُوهَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَٱدۡعُوهُ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَۚ كَمَا بَدَأَكُمۡ تَعُودُونَ

29.Бигӯ эй Паёмбар: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред ва Ӯро бо имони холис бипарастед. Ва ҳамчунон ки шуморо офаридааст (аввалин бор ), бори дигар ба сӯи Ӯ бозмегардед.[666] info

[666] Тафсири Саъдӣ 1/ 286

التفاسير:

external-link copy
30 : 7

فَرِيقًا هَدَىٰ وَفَرِيقًا حَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلضَّلَٰلَةُۚ إِنَّهُمُ ٱتَّخَذُواْ ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُم مُّهۡتَدُونَ

30. Гурӯҳеро ҳидоят кард ба роҳи рост ва гурӯҳе собит шуд барояшон он гумроҳиву торикӣ. Ҳамоно онҳо шайтонҳоро ба ҷои Аллоҳ дӯст гирифта ва ононро итоъат карданд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд». info
التفاسير: