Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Бет рақами:close

external-link copy
68 : 25

وَٱلَّذِينَ لَا يَدۡعُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ وَلَا يَقۡتُلُونَ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَا يَزۡنُونَۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ يَلۡقَ أَثَامٗا

68. Ва онон, ки бо Аллоҳи якто маъбуди дигаре намепарастанд ва намекушанд касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром карда, магар баҳаққи шаръӣва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. info
التفاسير:

external-link copy
69 : 25

يُضَٰعَفۡ لَهُ ٱلۡعَذَابُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَيَخۡلُدۡ فِيهِۦ مُهَانًا

69. Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд, info
التفاسير:

external-link copy
70 : 25

إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ عَمَلٗا صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ يُبَدِّلُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِهِمۡ حَسَنَٰتٖۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا

70. ғайри он касоне, ки сидқан тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Аллоҳ гуноҳонашонро ба некиҳо иваз мекунад ва Аллоҳ барои касе, ки тавба кунад омурзанда аст ва ба бандагонаш меҳрубон аст![1790] info

[1790] Тафсири Табарӣ 19\312

التفاسير:

external-link copy
71 : 25

وَمَن تَابَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَإِنَّهُۥ يَتُوبُ إِلَى ٱللَّهِ مَتَابٗا

71. Ва ҳар кӣ аз гуноҳони хеш тавба кунад ва кори шоиста кунад, ҳамоно вай аз сидқи дил ба сӯи Аллоҳ тавба мекунад, пас Аллоҳ тавбаашро қабул мекунад ва гуноҳонашро ба некиҳо табдил медиҳад. info
التفاسير:

external-link copy
72 : 25

وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا

72. Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат намедиҳанд ва чун бар нописанде (амал ё сухани ношоиста) бигзаранд, каримона бигзаранд (яъне, аз он рӯйгардон гузаранд), info
التفاسير:

external-link copy
73 : 25

وَٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ لَمۡ يَخِرُّواْ عَلَيۡهَا صُمّٗا وَعُمۡيَانٗا

73. ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд, балки итоъаткунон саҷда кунанд, info
التفاسير:

external-link copy
74 : 25

وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبۡ لَنَا مِنۡ أَزۡوَٰجِنَا وَذُرِّيَّٰتِنَا قُرَّةَ أَعۡيُنٖ وَٱجۡعَلۡنَا لِلۡمُتَّقِينَ إِمَامًا

74. ва онон, ки (дуъо карда) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»,[1791] info

[1791] Тафсири Бағавӣ 6/99

التفاسير:

external-link copy
75 : 25

أُوْلَٰٓئِكَ يُجۡزَوۡنَ ٱلۡغُرۡفَةَ بِمَا صَبَرُواْ وَيُلَقَّوۡنَ فِيهَا تَحِيَّةٗ وَسَلَٰمًا

75. Ин гӯруҳи сифаткардашудаи дар боло, ки зикр шуданд барояшон мукофот дода мешавад мақоми баландеро дар ҷаннат ба ивази он, ки сабру қаноъат карданд ва мешунаванд дар ҷаннат аз ҷониби фариштагон дуъои хайру саломро.[1792] info

[1792] Тафсири Саъдӣ 1/ 587

التفاسير:

external-link copy
76 : 25

خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ حَسُنَتۡ مُسۡتَقَرّٗا وَمُقَامٗا

76. Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест! info
التفاسير:

external-link copy
77 : 25

قُلۡ مَا يَعۡبَؤُاْ بِكُمۡ رَبِّي لَوۡلَا دُعَآؤُكُمۡۖ فَقَدۡ كَذَّبۡتُمۡ فَسَوۡفَ يَكُونُ لِزَامَۢا

77. Бигу: «Агар ибодат ва дуъоятон набошад, Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо (куффор) рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, оқибати он мулозими шумо хоҳад шуд, сазои куфр ва исёни худро хоҳед дид». info
التفاسير: