Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Юсуф

external-link copy
1 : 12

الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

1. Алиф, Лом, Ро[1120]. Ин оётҳои Китоб маъноҳояш равшан, роҳи ҳақ ва ҳалолу ҳаромро баён мекунад[1121]. info

[1120] Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
[1121] Тафсири Бағавӣ 4\209

التفاسير:

external-link copy
2 : 12

إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَٰنًا عَرَبِيّٗا لَّعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ

2. Мо Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем, то ин ки шумо (эй арабҳо) маънои онро бифаҳмед ва он чиро, ки дар он аст, ба ақл дарёбед ва ба роҳнамудиаш амал намоед![1122] info

[1122] Тафсири Бағавӣ 4\209

التفاسير:

external-link copy
3 : 12

نَحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ أَحۡسَنَ ٱلۡقَصَصِ بِمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ وَإِن كُنتَ مِن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ

3. Бо ин Қуръон, ки ба ту эй Расул ваҳй кардаем, беҳтарин қиссаҳоро ҳикоят мекунем ва туро бар онҳо хабардор месозем, ки ту пеш аз ин аз аҳволи қавмҳои гузашта аз бехабарон будӣ. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 12

إِذۡ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ إِنِّي رَأَيۡتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوۡكَبٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ رَأَيۡتُهُمۡ لِي سَٰجِدِينَ

4. Эй Паёмбар, ба ёд ор, он замонеро, ки чун Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро дидам, ки саҷдаам мекунанд». [1123] info

[1123] Гуфта шудааст, ки хоби паёмбарон ваҳй аст. Тафсири Табарӣ 15\554 Ва ин хоб муждаест барои Юсуф алайҳиссалом, ки далолат ба баландии мартабаи ӯ мекунад.

التفاسير: