Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Ҳоққа

external-link copy
1 : 69

ٱلۡحَآقَّةُ

[Рӯзи] Воқеъшуданӣ [растохез] info
التفاسير:

external-link copy
2 : 69

مَا ٱلۡحَآقَّةُ

Он воқеъшуданӣ чист? info
التفاسير:

external-link copy
3 : 69

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ

Ва ту чи донӣ он воқеъшуданӣ чист [ва чи гуна аст]? info
التفاسير:

external-link copy
4 : 69

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ

[Қавми] Самуд ва [қавми] Од [қиёмати] дарҳамкӯбандаро такзиб карданд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 69

فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ

Ва аммо [қавми] Самуд ба бонги саҳмгин ҳалок шуданд info
التفاسير:

external-link copy
6 : 69

وَأَمَّا عَادٞ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٖ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٖ

Ва аммо [қавми] Од бо тундбоде саркаш ва сард ба ҳалокат расиданд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 69

سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٖ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومٗاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٖ

[Аллоҳ таоло] ҳафт шабу ҳафт рӯз паёпай он [азоб]-ро бар онҳо мусаллат намуд. Пас, [агар он ҷо будӣ] [он] қавмро [дар асари он тундбод] монанди танаҳои пӯсидаи дарахтони хурмо бар замин афтода [ва ҳалокшуда] медидӣ info
التفاسير:

external-link copy
8 : 69

فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٖ

Пас, оё аз онҳо касеро мебинӣ, ки боқӣ монда бошад? info
التفاسير:

external-link copy
9 : 69

وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَن قَبۡلَهُۥ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتُ بِٱلۡخَاطِئَةِ

Ва Фиръавну касоне, ки пеш аз ӯ буданд ва [мардуми] шаҳрҳои вайроншудаи [қавми Лут] муртакиби гуноҳони [бузург] шуданд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 69

فَعَصَوۡاْ رَسُولَ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَهُمۡ أَخۡذَةٗ رَّابِيَةً

Пас, онҳо аз [фармони] фиристодаи Парвардигорашон сарпечӣ карданд, он гоҳ [Аллоҳ таоло] ононро ба азоби сахте гирифтор кард info
التفاسير:

external-link copy
11 : 69

إِنَّا لَمَّا طَغَا ٱلۡمَآءُ حَمَلۡنَٰكُمۡ فِي ٱلۡجَارِيَةِ

Ҳангоме ки об туғён кард, Мо шуморо дар киштӣ савор кардем info
التفاسير:

external-link copy
12 : 69

لِنَجۡعَلَهَا لَكُمۡ تَذۡكِرَةٗ وَتَعِيَهَآ أُذُنٞ وَٰعِيَةٞ

То панде барои шумо қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишнаванд ва ба ёд биспоранд info
التفاسير:

external-link copy
13 : 69

فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ نَفۡخَةٞ وَٰحِدَةٞ

Пас, он гоҳ ки як бор дар сур дамида шавад info
التفاسير:

external-link copy
14 : 69

وَحُمِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةٗ وَٰحِدَةٗ

Ва замину кӯҳҳо аз ҷо канда шуда ва якбора дарҳам кӯбида [ва муталошӣ] шаванд info
التفاسير:

external-link copy
15 : 69

فَيَوۡمَئِذٖ وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ

Дар он рӯз воқеаи [азими] қиёмат ба вуқуъ] мепайвандад info
التفاسير:

external-link copy
16 : 69

وَٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَهِيَ يَوۡمَئِذٖ وَاهِيَةٞ

Ва осмон шикофта мешавад ва дар он рӯз суст мегардад [ва фурӯ мерезад] info
التفاسير:

external-link copy
17 : 69

وَٱلۡمَلَكُ عَلَىٰٓ أَرۡجَآئِهَاۚ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ ثَمَٰنِيَةٞ

Ва фариштагон бар канораҳои он [осмон] қарор мегиранд ва он рӯз ҳашт [фаришта] арши Парвардигоратро бар сари худ ҳамл мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
18 : 69

يَوۡمَئِذٖ تُعۡرَضُونَ لَا تَخۡفَىٰ مِنكُمۡ خَافِيَةٞ

Дар он рӯз шумо [ҳамагӣ барои ҳисобрасӣ ба пешгоҳи Аллоҳ таоло] арза мешавед ва ҳеҷ чиз аз [корҳои] шумо пинҳон нахоҳад монд info
التفاسير:

external-link copy
19 : 69

فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَيَقُولُ هَآؤُمُ ٱقۡرَءُواْ كِتَٰبِيَهۡ

Аммо касе, ки номаи [аъмолаш]-ро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Биёед, нома [-и аъмол] -и маро бихонед info
التفاسير:

external-link copy
20 : 69

إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَٰقٍ حِسَابِيَهۡ

Ман яқин доштам, ки бо ҳисоб [-и аъмол]-и худ мувоҷеҳ хоҳам шуд» info
التفاسير:

external-link copy
21 : 69

فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ

Пас, ӯ дар як зиндагии писандида [ва ризоятбахш] хоҳад буд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 69

فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٖ

Дар биҳиште барин info
التفاسير:

external-link copy
23 : 69

قُطُوفُهَا دَانِيَةٞ

Ки меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст info
التفاسير:

external-link copy
24 : 69

كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ

[Ва ба онҳо гуфта мешавад]: «Ба [хотири] он чи дар айёми гузашта пеш фиристодаед, бихӯред ва биёшомед, гувороятон бод» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 69

وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ

Ва аммо касе, ки нома [-и аъмол]-ашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, ҳаргиз нома [-и аъмол] - амро ба ман намедоданд info
التفاسير:

external-link copy
26 : 69

وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ

Ва намедонистам, ҳисобам чист! info
التفاسير:

external-link copy
27 : 69

يَٰلَيۡتَهَا كَانَتِ ٱلۡقَاضِيَةَ

Эй кош, [бо марг] ҳама чиз тамом мешуд [ва поёни кор буд]! info
التفاسير:

external-link copy
28 : 69

مَآ أَغۡنَىٰ عَنِّي مَالِيَهۡۜ

Молу дороиям маро бениёз накард [ва суде набахшид] info
التفاسير:

external-link copy
29 : 69

هَلَكَ عَنِّي سُلۡطَٰنِيَهۡ

Қудрату фармонравоиям [низ] аз [дасти] ман рафт [ва ба куллӣ нобуд шуд]» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 69

خُذُوهُ فَغُلُّوهُ

[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Ӯро бигиред ва дар банду занҷир кунед info
التفاسير:

external-link copy
31 : 69

ثُمَّ ٱلۡجَحِيمَ صَلُّوهُ

Сипас ӯро ба [оташи] дузах бияфканед. info
التفاسير:

external-link copy
32 : 69

ثُمَّ فِي سِلۡسِلَةٖ ذَرۡعُهَا سَبۡعُونَ ذِرَاعٗا فَٱسۡلُكُوهُ

Он гоҳ вайро дар занҷире бибандед, ки тӯлаш ҳафтод зироъ аст info
التفاسير:

external-link copy
33 : 69

إِنَّهُۥ كَانَ لَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ ٱلۡعَظِيمِ

Бе гумон, ӯ ҳаргиз ба Аллоҳи бузург имон намеовард info
التفاسير:

external-link copy
34 : 69

وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ

Ва ҳаргиз [мардумро] бар таом додани бенаво[-ён] ташвиқ намекард info
التفاسير:

external-link copy
35 : 69

فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ

Пас, имрӯз дар ин ҷо дӯсти самимӣ [ва меҳрубоне] надорад [ки ёриаш кунад] info
التفاسير:

external-link copy
36 : 69

وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ

Ва ғизое ба ҷуз чирку хун надорад info
التفاسير:

external-link copy
37 : 69

لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ

[Ғизое, ки] Ҷуз гунаҳгорон онро намехӯранд» info
التفاسير:

external-link copy
38 : 69

فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ

Пас, савганд ба он чи мебинед info
التفاسير:

external-link copy
39 : 69

وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ

Ва ба он чи намебинед info
التفاسير:

external-link copy
40 : 69

إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ

Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба паёмбар бар уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст info
التفاسير:

external-link copy
41 : 69

وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٖۚ قَلِيلٗا مَّا تُؤۡمِنُونَ

Ва инҳо гуфтори шоире нест, [аммо шумо кофирон] камтар имон меоваред info
التفاسير:

external-link copy
42 : 69

وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٖۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

Ва [низ] гуфтори коҳине нест, [аммо шумо] камтар панд мегиред. info
التفاسير:

external-link copy
43 : 69

تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст info
التفاسير:

external-link copy
44 : 69

وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ

Ва агар [паёмбар] суханон [-и дурӯғ] бар Мо мебаст info
التفاسير:

external-link copy
45 : 69

لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ

Мусалламан, Мо дасти рости ӯро мегирифтем info
التفاسير:

external-link copy
46 : 69

ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ

Сипас [шоҳ] раги қалбашро қатъ мекардем info
التفاسير:

external-link copy
47 : 69

فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ

Ва ҳеҷ як аз шумо наметавонист монеъ [-и азоб]-и ӯ гардад info
التفاسير:

external-link copy
48 : 69

وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ

Яқинан, ин [Қуръон] панду тазкире барои парҳезкорон аст info
التفاسير:

external-link copy
49 : 69

وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ

Ва Мо яқинан, медонем, ки бархе аз шумо такзибкунандагон [-и ин каломи илоҳӣ] ҳастед info
التفاسير:

external-link copy
50 : 69

وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ

Ва ҳамоно ин [Қуръон] бар кофирон мояи ҳасрату надомат аст info
التفاسير:

external-link copy
51 : 69

وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ

Ва бе гумон, ин [Қуръон] ҳақиқати ростин аст info
التفاسير:

external-link copy
52 : 69

فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ

Пас, [эй паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [Ӯро] тасбеҳ гӯй info
التفاسير: