Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Қамар

external-link copy
1 : 54

ٱقۡتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلۡقَمَرُ

Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] шикофт info
التفاسير:

external-link copy
2 : 54

وَإِن يَرَوۡاْ ءَايَةٗ يُعۡرِضُواْ وَيَقُولُواْ سِحۡرٞ مُّسۡتَمِرّٞ

Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯ мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуе [ботилу] зудгузар аст» info
التفاسير:

external-link copy
3 : 54

وَكَذَّبُواْ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَكُلُّ أَمۡرٖ مُّسۡتَقِرّٞ

Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад info
التفاسير:

external-link copy
4 : 54

وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّنَ ٱلۡأَنۢبَآءِ مَا فِيهِ مُزۡدَجَرٌ

Ва мутмаинан [моҷарои азоби ақвоми гузашта ва] ахборе, ки боиси даст кашидан аз гуноҳ мешавад, ба мушрикон расидааст info
التفاسير:

external-link copy
5 : 54

حِكۡمَةُۢ بَٰلِغَةٞۖ فَمَا تُغۡنِ ٱلنُّذُرُ

Ин [оёти илоҳӣ донишу] ҳикмате расост; вале [барои афроди лаҷуҷ] ҳушдорҳо суде надорад info
التفاسير:

external-link copy
6 : 54

فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡۘ يَوۡمَ يَدۡعُ ٱلدَّاعِ إِلَىٰ شَيۡءٖ نُّكُرٍ

Пас, [эй Паёмбар] аз онон рӯ бартоб, [ва мунтазири] рӯзе [бош], ки [фариштаи] даъваткунанда [бо дамидан дар сур] ононро ба амре бас душвор [-у ваҳшатнок] фаро бихонад info
التفاسير:

external-link copy
7 : 54

خُشَّعًا أَبۡصَٰرُهُمۡ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ كَأَنَّهُمۡ جَرَادٞ مُّنتَشِرٞ

Бо дидагони фуруафтода [аз ваҳшат] аз гурҳо хориҷ мешаванд; [ҳаракаташон ба сӯйи додгоҳи илоҳӣ чунон аст, ки] гӯӣ малахҳое парокандаанд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 54

مُّهۡطِعِينَ إِلَى ٱلدَّاعِۖ يَقُولُ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا يَوۡمٌ عَسِرٞ

[Ҳароснок] Ба сӯйи мунодӣ [-и маҳшар] мешитобанд ва кофирон мегӯянд: «Имрӯз рӯзи душворе аст» info
التفاسير:

external-link copy
9 : 54

۞ كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ فَكَذَّبُواْ عَبۡدَنَا وَقَالُواْ مَجۡنُونٞ وَٱزۡدُجِرَ

Пеш аз онон низ қавми Нуҳ [паёмбарашонро] такзиб карданд ва бандаи Моро дурӯғгӯ хонданд ва гуфтанд: «Девона аст»; ва ӯро сахт озурданд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 54

فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَغۡلُوبٞ فَٱنتَصِرۡ

Пас, ӯ Парвардигорашро хонд [ва гуфт]: «Ман мағлуб шудаам; пас, ёриам фармо [ва аз онон интиқом бигир]» info
التفاسير:

external-link copy
11 : 54

فَفَتَحۡنَآ أَبۡوَٰبَ ٱلسَّمَآءِ بِمَآءٖ مُّنۡهَمِرٖ

Мо низ дарҳои осмонро барои [резиши] борони селосо кушудем info
التفاسير:

external-link copy
12 : 54

وَفَجَّرۡنَا ٱلۡأَرۡضَ عُيُونٗا فَٱلۡتَقَى ٱلۡمَآءُ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ قَدۡ قُدِرَ

Ва аз замин низ чашмаҳо ҷорӣ сохтем ва обҳо [аз замину осмон] барои тӯфоне, ки муқаддар шуда буд, ба ҳам пайваст info
التفاسير:

external-link copy
13 : 54

وَحَمَلۡنَٰهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلۡوَٰحٖ وَدُسُرٖ

Ва Нуҳро бар [киштии] сохта ва пардохта аз тахтаҳо ва мехҳо савор кардем info
التفاسير:

external-link copy
14 : 54

تَجۡرِي بِأَعۡيُنِنَا جَزَآءٗ لِّمَن كَانَ كُفِرَ

Ки таҳти назар [ва ҳифозати] Мо ҳаракат мекард. Ин подоши касе буд, ки [қавмаш] инкораш карда буданд info
التفاسير:

external-link copy
15 : 54

وَلَقَد تَّرَكۡنَٰهَآ ءَايَةٗ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ

Мо он [кайфару наҷот]-ро нишонае [аз қудрати худ] бар ҷой гузоштем; оё пандпазире ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
16 : 54

فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ

Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд info
التفاسير:

external-link copy
17 : 54

وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ

Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
18 : 54

كَذَّبَتۡ عَادٞ فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ

Қавми Од [низ паёмбарашонро] дурӯғгӯ пиндоштанд; пас, [эй аҳли Макка, бингаред, ки] азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд info
التفاسير:

external-link copy
19 : 54

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا صَرۡصَرٗا فِي يَوۡمِ نَحۡسٖ مُّسۡتَمِرّٖ

Мо тундбоде сарду сахтро дар як рӯзи шум ва тӯлонӣ бар онон фиристодем info
التفاسير:

external-link copy
20 : 54

تَنزِعُ ٱلنَّاسَ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٖ مُّنقَعِرٖ

[Тӯфоне ваҳшатнок] Ки мардумро чунон аз ҷой меканд, ки гӯӣ танаҳои нахли решаканшуда буданд info
التفاسير:

external-link copy
21 : 54

فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ

Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 54

وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ

Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
23 : 54

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِٱلنُّذُرِ

Қавми Самуд [низ] ҳушдоркунандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд info
التفاسير:

external-link copy
24 : 54

فَقَالُوٓاْ أَبَشَرٗا مِّنَّا وَٰحِدٗا نَّتَّبِعُهُۥٓ إِنَّآ إِذٗا لَّفِي ضَلَٰلٖ وَسُعُرٍ

Онон гуфтанд: «Оё [сазовор аст] башаре аз миёни худамонро пайравӣ кунем? Дар он сурат дар гумроҳӣ ва сардаргумӣ хоҳем буд info
التفاسير:

external-link copy
25 : 54

أَءُلۡقِيَ ٱلذِّكۡرُ عَلَيۡهِ مِنۢ بَيۡنِنَا بَلۡ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٞ

Оё аз миёни ҳамаи мо танҳо бар ӯ ваҳй нозил шудааст? [Чунин нест] Балки ӯ дурӯғгӯе худписанд аст» info
التفاسير:

external-link copy
26 : 54

سَيَعۡلَمُونَ غَدٗا مَّنِ ٱلۡكَذَّابُ ٱلۡأَشِرُ

Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худписанд кист info
التفاسير:

external-link copy
27 : 54

إِنَّا مُرۡسِلُواْ ٱلنَّاقَةِ فِتۡنَةٗ لَّهُمۡ فَٱرۡتَقِبۡهُمۡ وَٱصۡطَبِرۡ

Ба Солеҳ гуфтем] «Барои озмоиши онон модашутуре [-ро, ки дархост кардаанд, аз дили кӯҳ ба сӯяшон] хоҳем фиристод; пас, муроқиби рафторашон бош ва [бар озорашон] шикебоӣ кун info
التفاسير:

external-link copy
28 : 54

وَنَبِّئۡهُمۡ أَنَّ ٱلۡمَآءَ قِسۡمَةُۢ بَيۡنَهُمۡۖ كُلُّ شِرۡبٖ مُّحۡتَضَرٞ

Ва ба онон эълом кун, ки оби [чоҳ] байни эшон [ва он модашутур] саҳмиябандӣ шудааст ва ҳар ки дар навбати худ бояд ҳозир шавад» info
التفاسير:

external-link copy
29 : 54

فَنَادَوۡاْ صَاحِبَهُمۡ فَتَعَاطَىٰ فَعَقَرَ

Вале онон ҳамдасташонро нидо доданд; ӯ низ даст ба кор шуд ва [шутурро] ба қатл расонд info
التفاسير:

external-link copy
30 : 54

فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ

Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд info
التفاسير:

external-link copy
31 : 54

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ فَكَانُواْ كَهَشِيمِ ٱلۡمُحۡتَظِرِ

Мо бар онон бонги маргборе фиристодем; пас, [ҳамагӣ] ҳамчун гиёҳи хушкида [бозмонда аз оғилҳо] хурду рез шуданд info
التفاسير:

external-link copy
32 : 54

وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ

Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
33 : 54

كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطِۭ بِٱلنُّذُرِ

Қавми Лут [низ] ҳушдордиҳандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд info
التفاسير:

external-link copy
34 : 54

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ حَاصِبًا إِلَّآ ءَالَ لُوطٖۖ نَّجَّيۡنَٰهُم بِسَحَرٖ

[Мо низ] Тӯфони регборе бар сарашон фиристодем [ки ҳамагиро ҳалок кард]; магар хонаводаи Лут, ки саҳаргоҳон наҷоташон додем info
التفاسير:

external-link copy
35 : 54

نِّعۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَاۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي مَن شَكَرَ

[Ин наҷот] Неъмате аз ҷониби Мо буд; ва ба ҳар ки сипосгузорӣ кунад, ин гуна подош медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
36 : 54

وَلَقَدۡ أَنذَرَهُم بَطۡشَتَنَا فَتَمَارَوۡاْ بِٱلنُّذُرِ

Лут ононро аз кайфари [сахти] Мо бим дод; вале онон дар баробари ҳушдорҳо ба муҷодала [ва ситез] бархостанд info
التفاسير:

external-link copy
37 : 54

وَلَقَدۡ رَٰوَدُوهُ عَن ضَيۡفِهِۦ فَطَمَسۡنَآ أَعۡيُنَهُمۡ فَذُوقُواْ عَذَابِي وَنُذُرِ

Онон аз Лут хостанд, ки меҳмононашро [барои комҷӯӣ] дар ихтиёрашон бигзорад; пас, Мо низ чашмонашонро кӯр кардем [ва гуфтем]: «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед» info
التفاسير:

external-link copy
38 : 54

وَلَقَدۡ صَبَّحَهُم بُكۡرَةً عَذَابٞ مُّسۡتَقِرّٞ

Ва субҳгоҳон азобе пойдор ононро фаро гирифт info
التفاسير:

external-link copy
39 : 54

فَذُوقُواْ عَذَابِي وَنُذُرِ

[Ва гуфтем] «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед» info
التفاسير:

external-link copy
40 : 54

وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ

Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
41 : 54

وَلَقَدۡ جَآءَ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ ٱلنُّذُرُ

Ҳушдордиҳандагон ба суроғи фиръавниён [низ] рафтанд info
التفاسير:

external-link copy
42 : 54

كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذۡنَٰهُمۡ أَخۡذَ عَزِيزٖ مُّقۡتَدِرٍ

[Вале] Онон тамомии оёти Моро дурӯғ шумурданд; мо низ чунон [ки шоистаи Парвардигори] шикастнопазиру муқтадир [аст] азобашон кардем info
التفاسير:

external-link copy
43 : 54

أَكُفَّارُكُمۡ خَيۡرٞ مِّنۡ أُوْلَٰٓئِكُمۡ أَمۡ لَكُم بَرَآءَةٞ فِي ٱلزُّبُرِ

[Эй аҳли Макка] Оё кофирони шумо аз онон беҳтаранд ё барои шумо амонномае дар китобҳои [осмонии пешин навишташуда] аст? info
التفاسير:

external-link copy
44 : 54

أَمۡ يَقُولُونَ نَحۡنُ جَمِيعٞ مُّنتَصِرٞ

Ё мегӯянд: «Мо ҷамоате муттаҳиду интиқомҷӯ ҳастем» info
التفاسير:

external-link copy
45 : 54

سَيُهۡزَمُ ٱلۡجَمۡعُ وَيُوَلُّونَ ٱلدُّبُرَ

Ба зудӣ [дар ҷанги Бадр] ҷамъашон шикаст мехӯранд ва фирорӣ хоҳанд шуд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 54

بَلِ ٱلسَّاعَةُ مَوۡعِدُهُمۡ وَٱلسَّاعَةُ أَدۡهَىٰ وَأَمَرُّ

Ваъдагоҳашон қиёмат аст, ки [нисбат ба майдони Бадр рӯзгоре бисёр] сахттару талхтар аст info
التفاسير:

external-link copy
47 : 54

إِنَّ ٱلۡمُجۡرِمِينَ فِي ضَلَٰلٖ وَسُعُرٖ

Гунаҳгорон дар гумроҳӣ ва азобанд info
التفاسير:

external-link copy
48 : 54

يَوۡمَ يُسۡحَبُونَ فِي ٱلنَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ ذُوقُواْ مَسَّ سَقَرَ

Рӯзе, ки бо чеҳраҳояшон дар оташ кашида мешаванд [ва ба онон мегӯянд] «Оташи дузахро бичашед» info
التفاسير:

external-link copy
49 : 54

إِنَّا كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَٰهُ بِقَدَرٖ

Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем info
التفاسير:

external-link copy
50 : 54

وَمَآ أَمۡرُنَآ إِلَّا وَٰحِدَةٞ كَلَمۡحِۭ بِٱلۡبَصَرِ

Ва [чун чизеро ирода намоем] фармони Мо фақат як [калима] аст; ба суръати як чашм бар ҳам задан [камтар анҷом мепазирад]. info
التفاسير:

external-link copy
51 : 54

وَلَقَدۡ أَهۡلَكۡنَآ أَشۡيَاعَكُمۡ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ

Мо [дар гузашта] ҳаммонанди шумо [кофирон]-ро ҳалок кардем; пас, оё пандпазире ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
52 : 54

وَكُلُّ شَيۡءٖ فَعَلُوهُ فِي ٱلزُّبُرِ

Рафторашон ба тамомӣ дар номаҳои аъмол сабт шудааст info
التفاسير:

external-link copy
53 : 54

وَكُلُّ صَغِيرٖ وَكَبِيرٖ مُّسۡتَطَرٌ

Ва ҳар кучаку бузурге [дар он] навишта шудааст info
التفاسير:

external-link copy
54 : 54

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَنَهَرٖ

Парҳезкорон дар боғҳо ва [канори] ҷӯйборҳо [-и биҳиштӣ] ҷой доранд info
التفاسير:

external-link copy
55 : 54

فِي مَقۡعَدِ صِدۡقٍ عِندَ مَلِيكٖ مُّقۡتَدِرِۭ

Дар маҷлисе саршор аз ростӣ [ва шоистагӣ ва назди фармонравое муқтадир] info
التفاسير: