Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Сабаъ

external-link copy
1 : 34

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡخَبِيرُ

Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва дар охират [низ] ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
2 : 34

يَعۡلَمُ مَا يَلِجُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا يَخۡرُجُ مِنۡهَا وَمَا يَنزِلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا يَعۡرُجُ فِيهَاۚ وَهُوَ ٱلرَّحِيمُ ٱلۡغَفُورُ

Ҳар чи дар замин фурӯ меравад ва ҳар чи аз он бармеояд ва он чи аз осмон фуруд меояд ва он чи ба сӯйи он боло меравад [ҳамаро Аллоҳ таоло] медонад ва Ӯ меҳрубони омурзанда аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 34

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَأۡتِينَا ٱلسَّاعَةُۖ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتَأۡتِيَنَّكُمۡ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِۖ لَا يَعۡزُبُ عَنۡهُ مِثۡقَالُ ذَرَّةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَآ أَصۡغَرُ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡبَرُ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ

Касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки донои ғайб аст, ҳатман, ба суроғатон меояд. ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин аз Ӯ пӯшида нест ва кучактар ва бузургтар аз он зарра чизе нест, магар он ки дар китобе ошкор [Лавҳи маҳфуз] сабт аст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 34

لِّيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ

То касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд подош диҳад. Эшонанд, ки бахшоиш ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд» info
التفاسير:

external-link copy
5 : 34

وَٱلَّذِينَ سَعَوۡ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مِّن رِّجۡزٍ أَلِيمٞ

Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо кӯшиданд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, азобе сахт ва дарднок [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
6 : 34

وَيَرَى ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ هُوَ ٱلۡحَقَّ وَيَهۡدِيٓ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ

Аҳли дониш [донишмандони саҳоба ва уламои муъмини аҳли китоб] медонанд он чи ки аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва ба роҳи [Аллоҳ таоло] шикастнопазири сутуда ҳидоят мекунад info
التفاسير:

external-link copy
7 : 34

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هَلۡ نَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ رَجُلٖ يُنَبِّئُكُمۡ إِذَا مُزِّقۡتُمۡ كُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّكُمۡ لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدٍ

Касоне, ки куфр вазиданд [бо тамасхур ба якдигар] мегӯянд: «Мехоҳед мардеро нишонатон диҳем, ки иддио мекунад вақте [пас аз марг] комилан муталошӣ шудед, [бори дигар] дар офаринише нав дархоҳед омад? info
التفاسير: