Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Бет рақами:close

external-link copy
56 : 27

۞ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَخۡرِجُوٓاْ ءَالَ لُوطٖ مِّن قَرۡيَتِكُمۡۖ إِنَّهُمۡ أُنَاسٞ يَتَطَهَّرُونَ

Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки [ба якдигар] гуфтанд: «Хонаводаи Лутро аз шаҳри худ берун кунед, [чаро ки] бе тардид, инҳо афроде покдоман ҳастанд» info
التفاسير:

external-link copy
57 : 27

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَٰهَا مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ

Он гоҳ ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар ҳамсарашро, ки муқаддар кардем аз бозмондагон [дар азоб] бошад info
التفاسير:

external-link copy
58 : 27

وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ

Ва бар онон бороне [аз санг] борондем ва борони бимдодашудагон чи бад бувад! info
التفاسير:

external-link copy
59 : 27

قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ وَسَلَٰمٌ عَلَىٰ عِبَادِهِ ٱلَّذِينَ ٱصۡطَفَىٰٓۗ ءَآللَّهُ خَيۡرٌ أَمَّا يُشۡرِكُونَ

Бигӯ: «Ситоишу сипос аз они Аллоҳ таоло аст ва салом бар бандагонаш, ки [ононро] баргузидааст» Оё Аллоҳ таоло беҳтар аст ё он чи [бо Ӯ] шарик месозанд? info
التفاسير:

external-link copy
60 : 27

أَمَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ حَدَآئِقَ ذَاتَ بَهۡجَةٖ مَّا كَانَ لَكُمۡ أَن تُنۢبِتُواْ شَجَرَهَآۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٞ يَعۡدِلُونَ

[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон бароятон обе нозил кард ва бо он борон бӯстонҳое хуррам [-у зебо] рӯёнидем, ки ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтонро надоштед? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло аст? [Ҳаргиз] Балки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки [махлуқотро] ҳамтирози [Аллоҳ таоло] қарор медиҳанд info
التفاسير:

external-link copy
61 : 27

أَمَّن جَعَلَ ٱلۡأَرۡضَ قَرَارٗا وَجَعَلَ خِلَٰلَهَآ أَنۡهَٰرٗا وَجَعَلَ لَهَا رَوَٰسِيَ وَجَعَلَ بَيۡنَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ حَاجِزًاۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки заминро қароргоҳи [амне] сохт ва миёнаш ҷӯйборҳое равон кард ва барояш кӯҳҳое [устувор] падид овард ва миёни ду дарё монеае қарор дод [то оби шӯру ширин бо ҳам наёмезанд]? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? [Ҳаргиз] Аммо бештарашон намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
62 : 27

أَمَّن يُجِيبُ ٱلۡمُضۡطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكۡشِفُ ٱلسُّوٓءَ وَيَجۡعَلُكُمۡ خُلَفَآءَ ٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки [дуои] дармондаро – чун бихондаш – иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф месозад ва шуморо ҷонишинони [пешиниён дар] замин қарор медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Чи андак панд мегиред! info
التفاسير:

external-link copy
63 : 27

أَمَّن يَهۡدِيكُمۡ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَمَن يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦٓۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ تَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки дар торикиҳои биёбон ва дарё [ба василаи моҳу ситорагон] ҳидоятатон мекунад ва он ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Аллоҳ таоло аз он чи [барояш] шарик қарор медиҳанд, бартар аст info
التفاسير: