Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Бет рақами:close

external-link copy
91 : 21

وَٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلۡنَٰهَا وَٱبۡنَهَآ ءَايَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ

Ва [ёд кун аз Марям] зане, ки домани худро пок нигоҳ дошт ва [Мо] аз руҳи хеш дар [вуҷуди] ӯ дамидем ва ӯ ва писарашро барои ҷаҳониён нишонае [аз қудрати илоҳӣ] қарор додем info
التفاسير:

external-link copy
92 : 21

إِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُونِ

[Эй мардум] Ба ростӣ, ин оини шумо оини ягона [ва асосёфта бар яктопарастӣ] аст ва Ман Парвардигоратон ҳастам, пас, Маро бипарастед info
التفاسير:

external-link copy
93 : 21

وَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡۖ كُلٌّ إِلَيۡنَا رَٰجِعُونَ

Ва [мардум] миёни худ дар амри [дин]-ашон фирқа-фирқа шуданд; [вале саранҷом] ҳамагӣ ба сӯи Мо бозмегарданд info
التفاسير:

external-link copy
94 : 21

فَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا كُفۡرَانَ لِسَعۡيِهِۦ وَإِنَّا لَهُۥ كَٰتِبُونَ

Пас, ҳар ки корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, дар баробари кӯшиши ӯ носипосӣ нахоҳад шуд ва Мо корҳояшро менависем info
التفاسير:

external-link copy
95 : 21

وَحَرَٰمٌ عَلَىٰ قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَآ أَنَّهُمۡ لَا يَرۡجِعُونَ

Ва [мардуми] ҳар шаҳреро, ки [бар асари куфру гуноҳ] нобудаш кардем, маҳол аст, ки [битавонанд ба қасди тавба ба дунё] бозгарданд info
التفاسير:

external-link copy
96 : 21

حَتَّىٰٓ إِذَا فُتِحَتۡ يَأۡجُوجُ وَمَأۡجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٖ يَنسِلُونَ

То замоне, ки [садди] Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шавад ва онон аз ҳар баландӣ [ва тепае] шитобон сарозер гарданд info
التفاسير:

external-link copy
97 : 21

وَٱقۡتَرَبَ ٱلۡوَعۡدُ ٱلۡحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَٰخِصَةٌ أَبۡصَٰرُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَٰوَيۡلَنَا قَدۡ كُنَّا فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا بَلۡ كُنَّا ظَٰلِمِينَ

Ва ваъдаи ҳақ [қиёмат] наздик гардад. Пас, дар он ҳангом чашмҳои касоне, ки куфр варзиданд, [аз шиддати ваҳшат] хира мемонад [ва мегӯянд]: “Эй вой бар мо! Ҳатман, мо аз ин [ҳодиса] дар ғафлат будем! Балки [кофиру] ситамгор будем” info
التفاسير:

external-link copy
98 : 21

إِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمۡ لَهَا وَٰرِدُونَ

[Ба онон гуфта мешавад] “Ҳатман, шумо ва он чи ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ҳезуми дузахед, [ва ҳамагӣ] дар он ворид хоҳед шуд” info
التفاسير:

external-link copy
99 : 21

لَوۡ كَانَ هَٰٓؤُلَآءِ ءَالِهَةٗ مَّا وَرَدُوهَاۖ وَكُلّٞ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Агар ин бутҳо маъбудоне [ба ҳақ] буданд, ҳаргиз вориди он намешуданд ва ҳол он ки ҳамагӣ дар он [азоби сӯзон] ҷовидонанд info
التفاسير:

external-link copy
100 : 21

لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَهُمۡ فِيهَا لَا يَسۡمَعُونَ

Дар он ҷо нолаҳое [дарднок] доранд ва [аз шиддати дарду тарс] чизе намешунаванд info
التفاسير:

external-link copy
101 : 21

إِنَّ ٱلَّذِينَ سَبَقَتۡ لَهُم مِّنَّا ٱلۡحُسۡنَىٰٓ أُوْلَٰٓئِكَ عَنۡهَا مُبۡعَدُونَ

Касоне, ки пештар аз ҷониби Мо ба эшон ваъдаи наку [биҳишт] дода шудааст, яқинан, аз он [азоб] дур нигаҳ дошта мешаванд info
التفاسير: