Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Бет рақами:close

external-link copy
99 : 20

كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ مَا قَدۡ سَبَقَۚ وَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ مِن لَّدُنَّا ذِكۡرٗا

[Эй Паёмбар] Ин гуна аз ахбор [ва достонҳои паёмбарони] гузашта бар ту ҳикоят мекунем; ва ба ростӣ, ки [мо] аз ҷониби хеш ба ту Қуръоне [пандомӯз] додаем info
التفاسير:

external-link copy
100 : 20

مَّنۡ أَعۡرَضَ عَنۡهُ فَإِنَّهُۥ يَحۡمِلُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وِزۡرًا

Ҳар ки аз он рӯйгардон шавад, яқинан, рӯзи қиёмат бори сангине [аз гуноҳ] бар дӯш хоҳад кашид info
التفاسير:

external-link copy
101 : 20

خَٰلِدِينَ فِيهِۖ وَسَآءَ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ حِمۡلٗا

Ҷовидона дар он [азоб] хоҳанд монд; ва чи бад аст боре, ки [кофирон] дар қиёмат хоҳанд кашид! info
التفاسير:

external-link copy
102 : 20

يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِۚ وَنَحۡشُرُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ يَوۡمَئِذٖ زُرۡقٗا

Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва дар он рӯз муҷримонро [ки бисёр тарсидаанд, бо чашму бадани] кабуд ҷамъ мекунем info
التفاسير:

external-link copy
103 : 20

يَتَخَٰفَتُونَ بَيۡنَهُمۡ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا عَشۡرٗا

Байни худ оҳиста сухан мегӯянд: «[Шумо] Беш аз даҳ рӯз [дар дунё] ба сар набурдаед» info
التفاسير:

external-link copy
104 : 20

نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذۡ يَقُولُ أَمۡثَلُهُمۡ طَرِيقَةً إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا يَوۡمٗا

Мо ба он чи эшон мегӯянд, донотарем; он гоҳ ки хирадмандтаринашон мегӯяд: «[Шумо] Танҳо як рӯз ба сар бурдаед» info
التفاسير:

external-link copy
105 : 20

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡجِبَالِ فَقُلۡ يَنسِفُهَا رَبِّي نَسۡفٗا

Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи кӯҳҳо [дар қиёмат] мепурсанд; пас, бигӯ: «Парвардигорам ононро сахт муталошӣ [ва пароканда] мекунад info
التفاسير:

external-link copy
106 : 20

فَيَذَرُهَا قَاعٗا صَفۡصَفٗا

Ва онҳоро софу ҳамвор хоҳад намуд info
التفاسير:

external-link copy
107 : 20

لَّا تَرَىٰ فِيهَا عِوَجٗا وَلَآ أَمۡتٗا

[Ҳамчун замине] Ки дар он ҳеҷ пастӣ ва баландӣ намебинӣ» info
التفاسير:

external-link copy
108 : 20

يَوۡمَئِذٖ يَتَّبِعُونَ ٱلدَّاعِيَ لَا عِوَجَ لَهُۥۖ وَخَشَعَتِ ٱلۡأَصۡوَاتُ لِلرَّحۡمَٰنِ فَلَا تَسۡمَعُ إِلَّا هَمۡسٗا

Дар он рӯз [ҳамаи мардум] бидуни ҳеҷ мухолифате аз даъваткунанда [-и илоҳӣ] пайравӣ мекунанд ва садоҳо дар баробари Худои меҳрубон паст мешаванд ва аз ҳеҷ чиз ҷуз садои пойе нахоҳӣ шунид info
التفاسير:

external-link copy
109 : 20

يَوۡمَئِذٖ لَّا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَرَضِيَ لَهُۥ قَوۡلٗا

Дар он рӯз шафоат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон ба ӯ иҷозат диҳад ва суханашро биписандад info
التفاسير:

external-link copy
110 : 20

يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِۦ عِلۡمٗا

[Аллоҳ таоло] Он чиро, ки инсонҳо [дар охират] дар пеш доранд ва он чиро, ки [дар дунё] пушти сар гузоштаанд, [ҳамаро] медонад, вале дониши онон ӯро фаро намегирад info
التفاسير:

external-link copy
111 : 20

۞ وَعَنَتِ ٱلۡوُجُوهُ لِلۡحَيِّ ٱلۡقَيُّومِۖ وَقَدۡ خَابَ مَنۡ حَمَلَ ظُلۡمٗا

Ва чеҳраҳо дар баробари [Парвардигори] зиндаи пойдор хор мегардад ва ҳар ки [бори] ситам бардошт, зиён дид info
التفاسير:

external-link copy
112 : 20

وَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا يَخَافُ ظُلۡمٗا وَلَا هَضۡمٗا

Ва касе, ки аз корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, на аз ҳеҷ ситаме меҳаросад ва на аз костан [-и подошаш] info
التفاسير:

external-link copy
113 : 20

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا وَصَرَّفۡنَا فِيهِ مِنَ ٱلۡوَعِيدِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ أَوۡ يُحۡدِثُ لَهُمۡ ذِكۡرٗا

Ва, инчунин, онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем ва ҳушдорҳои гуногун дар он баён намудем; бошад, ки [аз азоби илоҳӣ] парҳезанд ё [ин китоб] барояшон панде падид оварад info
التفاسير: