قرآن کریم کے معانی کا ترجمہ - تاجک ترجمہ : خوجہ میروف خوجہ میر

صفحہ نمبر:close

external-link copy
6 : 22

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّهُۥ يُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَأَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

6.Ин ҳама далелҳои зикршуда ба сабаби он аст, ки Аллоҳ ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва албатта Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 22

وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٞ لَّا رَيۡبَ فِيهَا وَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡعَثُ مَن فِي ٱلۡقُبُورِ

7.Ва ба дурустӣ, ки қиёмат хоҳад омад, шубҳае дар он нест. Ва Аллоҳ ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 22

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَلَا هُدٗى وَلَا كِتَٰبٖ مُّنِيرٖ

8.Ва аз миёни мардуми куффор касест, ки дар бораи ягонагии Аллоҳ бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше баҳс мекунад. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 22

ثَانِيَ عِطۡفِهِۦ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۖ لَهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞۖ وَنُذِيقُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ

9.Гарданро ба такаббур ба як сӯ мегардонад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 22

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتۡ يَدَاكَ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيۡسَ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ

10.Барои он саркаш гуфта мешавад: Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Аллоҳ бе гуноҳ ба бандагонаш ситам намекунад. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 22

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَعۡبُدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ حَرۡفٖۖ فَإِنۡ أَصَابَهُۥ خَيۡرٌ ٱطۡمَأَنَّ بِهِۦۖ وَإِنۡ أَصَابَتۡهُ فِتۡنَةٌ ٱنقَلَبَ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ خَسِرَ ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ

11.Ва аз миёни мардум касест, ки ислом овардааст, вале дар қалбаш имон дохил нашудааст Аллоҳро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он хайр ором гираду мутмаин шавад ва дар ибодати Аллоҳ бардавом истад ва агар озмоише (балое) пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёни ошкору равшан аст. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 22

يَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُۥ وَمَا لَا يَنفَعُهُۥۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلضَّلَٰلُ ٱلۡبَعِيدُ

12.Ва он зиёндида ғайри Аллоҳ касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на фоидае ва ин гумроҳиест беинтиҳо. info
التفاسير:

external-link copy
13 : 22

يَدۡعُواْ لَمَن ضَرُّهُۥٓ أَقۡرَبُ مِن نَّفۡعِهِۦۚ لَبِئۡسَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَلَبِئۡسَ ٱلۡعَشِيرُ

13.Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз суди ӯ. Ва чӣ ҳамдамон ва дӯстони баде ҳастанд. (Яъне, мурод аз ин бутҳояшон аст).[1684] info

[1684] Тафсири Саъдӣ 1\534

التفاسير:

external-link copy
14 : 22

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ

14. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба бустонҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дохил месозад ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 22

مَن كَانَ يَظُنُّ أَن لَّن يَنصُرَهُ ٱللَّهُ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ فَلۡيَمۡدُدۡ بِسَبَبٍ إِلَى ٱلسَّمَآءِ ثُمَّ لۡيَقۡطَعۡ فَلۡيَنظُرۡ هَلۡ يُذۡهِبَنَّ كَيۡدُهُۥ مَا يَغِيظُ

15.Касе мепиндошт, ки Аллоҳ дар дунёву охират, ҳаргиз, ӯро (дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) нусрат намедиҳад ва ба ин хотир асабонӣ аст, пас ресмоне аз сақфи хонааш биёвезад, то худро хафа кунад сипас ресмонро бибурад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро дур мекунад? (Хулосаи маъно ин аст, ки ҳамон тавре ки расидани ӯ ба осмон ғайри мумкин аст, ҳаргиз Аллоҳ нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро қатъ намегардонад)[1685] info

[1685] Тафсири Табарӣ 18\580

التفاسير: