قرآن کریم کے معانی کا ترجمہ - تاجکی ترجمہ - مرکز رواد الترجمۃ

صفحہ نمبر:close

external-link copy
191 : 2

وَٱقۡتُلُوهُمۡ حَيۡثُ ثَقِفۡتُمُوهُمۡ وَأَخۡرِجُوهُم مِّنۡ حَيۡثُ أَخۡرَجُوكُمۡۚ وَٱلۡفِتۡنَةُ أَشَدُّ مِنَ ٱلۡقَتۡلِۚ وَلَا تُقَٰتِلُوهُمۡ عِندَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِيهِۖ فَإِن قَٰتَلُوكُمۡ فَٱقۡتُلُوهُمۡۗ كَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Ва онон [мушрикон]-ро ҳар куҷо ёфтед, бикушед ва аз он ҷо [Макка], ки шуморо берун кардаанд, берун кунед ва фитна [куфру ширк] бадтар аз қатл аст ва бо онҳо дар канори Масҷид-ул-ҳаром пайкор накунед, магар ин ки бо шумо дар он ҷо биҷанганд. Пас, агар [дар он ҷо] бо шумо ҷангиданд, эшонро бикушед, [ки] сазои кофирон чунин аст info
التفاسير:

external-link copy
192 : 2

فَإِنِ ٱنتَهَوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Пас, агар [аз куфрашон] даст бардоштанд [аз набард даст бикашед, ки] бе гумон Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
193 : 2

وَقَٰتِلُوهُمۡ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتۡنَةٞ وَيَكُونَ ٱلدِّينُ لِلَّهِۖ فَإِنِ ٱنتَهَوۡاْ فَلَا عُدۡوَٰنَ إِلَّا عَلَى ٱلظَّٰلِمِينَ

Ва бо онҳо биҷангед, то фитнаи [ширк] боқӣ намонад ва дин [холисона] аз они Аллоҳ таоло гардад. Пас, агар даст бардоштанд, [ситам накунед, ки] ситам ҷуз бар ситамгорон раво нест info
التفاسير:

external-link copy
194 : 2

ٱلشَّهۡرُ ٱلۡحَرَامُ بِٱلشَّهۡرِ ٱلۡحَرَامِ وَٱلۡحُرُمَٰتُ قِصَاصٞۚ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَٱعۡتَدُواْ عَلَيۡهِ بِمِثۡلِ مَا ٱعۡتَدَىٰ عَلَيۡكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ

[Ин] Моҳи ҳаром [соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, ки имкони умра гузоридан ёфтед] дар баробари моҳи ҳаром [-и соли гузашта] аст [ки мушрикон шуморо аз адои ҳаҷ боздошта буданд] ва [таҷовузи] ҳурматҳо [-и сарзамину моҳи ҳаром] қасос дорад; пас, ҳар ки ситам кард, ба ҳамон гуна ки бар шумо ситам кардааст, бар ӯ ситам раво доред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезкорон аст info
التفاسير:

external-link copy
195 : 2

وَأَنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا تُلۡقُواْ بِأَيۡدِيكُمۡ إِلَى ٱلتَّهۡلُكَةِ وَأَحۡسِنُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунед ва [бо фирор аз майдони ҷиҳод ва тарки инфоқ] худро бо дасти хештан ба ҳалокат наафканед ва некӣ кунед, [ки] ба ростӣ Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад info
التفاسير:

external-link copy
196 : 2

وَأَتِمُّواْ ٱلۡحَجَّ وَٱلۡعُمۡرَةَ لِلَّهِۚ فَإِنۡ أُحۡصِرۡتُمۡ فَمَا ٱسۡتَيۡسَرَ مِنَ ٱلۡهَدۡيِۖ وَلَا تَحۡلِقُواْ رُءُوسَكُمۡ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ ٱلۡهَدۡيُ مَحِلَّهُۥۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ بِهِۦٓ أَذٗى مِّن رَّأۡسِهِۦ فَفِدۡيَةٞ مِّن صِيَامٍ أَوۡ صَدَقَةٍ أَوۡ نُسُكٖۚ فَإِذَآ أَمِنتُمۡ فَمَن تَمَتَّعَ بِٱلۡعُمۡرَةِ إِلَى ٱلۡحَجِّ فَمَا ٱسۡتَيۡسَرَ مِنَ ٱلۡهَدۡيِۚ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ ثَلَٰثَةِ أَيَّامٖ فِي ٱلۡحَجِّ وَسَبۡعَةٍ إِذَا رَجَعۡتُمۡۗ تِلۡكَ عَشَرَةٞ كَامِلَةٞۗ ذَٰلِكَ لِمَن لَّمۡ يَكُنۡ أَهۡلُهُۥ حَاضِرِي ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ

Ва ҳаҷҷу умраро барои Аллоҳ таоло ба поён расонед ва агар [ба василаи душман ё беморӣ аз ин кор] бозмонед, он чи аз қурбонӣ [хоҳ аз шутуру гов ё гӯсфанд] фароҳам шавад [забҳ кунед ва он гоҳ аз эҳром хориҷ шавед] ва сарҳои худро натарошед, то қурбонӣ ба ҷойгоҳаш [дар қурбонгоҳ] бирасад ва агар касе аз шумо бемор буду ё нороҳатие дар сар дошт [ки ночор буд бад-он хотир дар ҳоли эҳром сари худро битарошад], пас, фидя диҳад, аз [қабили се рӯз] рӯза ё садақа [таом додани шаш тиҳидасти ҳарам] ё қурбонӣ кардани гӯсфанде [ки миёни тиҳидастони ҳарам тақсим шавад]. Пас, ҳангоме ки дар амон будед, ҳар ки аз умра баҳраманд гардид ва сипас [аъмоли] ҳаҷро оғоз кард, он чи аз қурбонӣ [барояш] муяссар шуд [забҳ кунад] ва ҳар ки [қурбонӣ] наёфт, се рӯз дар [айёми] ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоме ки [ба хона] бозгаштед, рӯза бигиред. Ин даҳ [рӯзи] комил аст. Ин [ҳукми ҳаҷҷи таматтуъ] барои касест, ки хонаводааш сокини Масҷид-ул-ҳаром [Макка ва атрофи он] набошад ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст info
التفاسير: