قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير

Залзала

external-link copy
1 : 99

إِذَا زُلۡزِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ زِلۡزَالَهَا

1. Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш info
التفاسير:

external-link copy
2 : 99

وَأَخۡرَجَتِ ٱلۡأَرۡضُ أَثۡقَالَهَا

2. ва замин борҳои сангинашро[3113] берун резад info

[3113] Аз мурдаҳо ва канзҳо

التفاسير:

external-link copy
3 : 99

وَقَالَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا لَهَا

3. ва одамӣ аз тарс бигӯяд, ки заминро чӣ шудааст? info
التفاسير:

external-link copy
4 : 99

يَوۡمَئِذٖ تُحَدِّثُ أَخۡبَارَهَا

4. Дар ин рӯз замин хабарҳои худро аз неку бад ҳикоят мекунад, info
التفاسير:

external-link copy
5 : 99

بِأَنَّ رَبَّكَ أَوۡحَىٰ لَهَا

5. Зеро Парвардигорат ба ӯ амр кардааст, ки хабар бидиҳад дар рӯи ӯ он чи карда шудааст. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 99

يَوۡمَئِذٖ يَصۡدُرُ ٱلنَّاسُ أَشۡتَاتٗا لِّيُرَوۡاْ أَعۡمَٰلَهُمۡ

6. Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 99

فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُۥ

7. Пас ҳар кас ба андозаи заррае некӣ карда бошад, подоши онро дар охират мебинад. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 99

وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ

8. Ва ҳар кас ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, азобашро дар охират мебинад. info
التفاسير: