قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

Байина

external-link copy
1 : 98

لَمۡ يَكُنِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ

Касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, [аз оини куфр] даст барнамедоранд, то ин ки барои онон далели равшане биёяд info
التفاسير:

external-link copy
2 : 98

رَسُولٞ مِّنَ ٱللَّهِ يَتۡلُواْ صُحُفٗا مُّطَهَّرَةٗ

Паёмбаре аз сӯи Аллоҳ таоло [биёяд], ки саҳифаҳои покро бихонад info
التفاسير:

external-link copy
3 : 98

فِيهَا كُتُبٞ قَيِّمَةٞ

Ва дар он [саҳифаҳо] навиштаҳое устувор [ва дуруст] аст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 98

وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ

Ва касоне, ки ба онон китоб дода шуд, [аз ҷумлаи яҳудиён ва масеҳиён] пароканда нашуданд, [ва ихтилоф накарданд] магар баъд аз он ки далели равшан барои онон омад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 98

وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ

Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим info
التفاسير:

external-link copy
6 : 98

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ شَرُّ ٱلۡبَرِيَّةِ

Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 98

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ خَيۡرُ ٱلۡبَرِيَّةِ

Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, онон беҳтарини офаридагон ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 98

جَزَآؤُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُۚ ذَٰلِكَ لِمَنۡ خَشِيَ رَبَّهُۥ

Подоши эшон назди Парвардигорашон боғҳои [биҳишти] ҷовидон аст, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист; ҳамеша дар он хоҳанд монд; Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онҳо хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд; ва ин [мақом ва подош] барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад info
التفاسير: