قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

بەت نومۇرى:close

external-link copy
27 : 67

فَلَمَّا رَأَوۡهُ زُلۡفَةٗ سِيٓـَٔتۡ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ

Пас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед» info
التفاسير:

external-link copy
28 : 67

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَهۡلَكَنِيَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِيَ أَوۡ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلۡكَٰفِرِينَ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло маро ва касонеро, ки бо ман ҳастанд, нобуд кунад, ё бар мо раҳмат оварад, пас, кист, ки кофиронро аз азоби дарднок паноҳ диҳад?» info
التفاسير:

external-link copy
29 : 67

قُلۡ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيۡهِ تَوَكَّلۡنَاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Бигӯ: «Ӯ [Аллоҳи] Раҳмон аст? ба Ӯ имон овардаем ва бар Ӯ таваккал кардаем, пас, [эй кофирон] ба зудӣ хоҳед донист, ки чи касе дар гумроҳии ошкор аст» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 67

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَصۡبَحَ مَآؤُكُمۡ غَوۡرٗا فَمَن يَأۡتِيكُم بِمَآءٖ مَّعِينِۭ

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар оби [ошомидании] шумо [дар замин] фуру равад, чи касе метавонад барои шумо оби равону гуворо] биёварад?» info
التفاسير: