قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

بەت نومۇرى:close

external-link copy
12 : 32

وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلۡمُجۡرِمُونَ نَاكِسُواْ رُءُوسِهِمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ رَبَّنَآ أَبۡصَرۡنَا وَسَمِعۡنَا فَٱرۡجِعۡنَا نَعۡمَلۡ صَٰلِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ

Ва чун [дар қиёмат] гунаҳгоронро дар пешгоҳи Парвардигорашон бубинӣ, сар ба зер афкандаанд [ва мегӯянд] «Парвардигоро, [акнун ҳақиқатро] дидем ва шунидем, пас, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем. Бе тардид, мо [ба қиёмат] яқин дорем» info
التفاسير:

external-link copy
13 : 32

وَلَوۡ شِئۡنَا لَأٓتَيۡنَا كُلَّ نَفۡسٍ هُدَىٰهَا وَلَٰكِنۡ حَقَّ ٱلۡقَوۡلُ مِنِّي لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ

Агар мехостем, ба ҳар касе [тавфиқ ва] ҳидояташро арзонӣ медоштем, вале ин сухан [-у ваъдаи] ман ҳақ аст, ки: «Дузахро аз ҳамаи ҷинниён ва одамиён [-и кофир] анбошта хоҳам кард» info
التفاسير:

external-link copy
14 : 32

فَذُوقُواْ بِمَا نَسِيتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَآ إِنَّا نَسِينَٰكُمۡۖ وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡخُلۡدِ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

[Ба онон гуфта мешавад] «Ба сазои он ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, [азоби сӯзонро] бичашед. Яқинан, мо [низ] шуморо [дар оташ] раҳо кардаем ва [акнун] ба сазои он чи мекардед, азоби ҷовидонро бичашед info
التفاسير:

external-link copy
15 : 32

إِنَّمَا يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُواْ بِهَا خَرُّواْۤ سُجَّدٗاۤ وَسَبَّحُواْ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ۩

Фақат касоне ба оёти Мо имон меоваранд, ки чун ба онҳо панд дода шавад, ба саҷда меафтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва такаббур намекунанд info
التفاسير:

external-link copy
16 : 32

تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلۡمَضَاجِعِ يَدۡعُونَ رَبَّهُمۡ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ

[Дар дили шаб] Аз бистарҳо бармехезанд ва Парвардигорашонро бо биму умед [ба ниёиш] мехонанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
17 : 32

فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Пас, ҳеҷ кас намедонад, ба [поси] он чи [ин муъминон дар дунё] анҷом медиҳанд, чи [бисёр мояи] равшании чашмҳо барояшон нуҳуфта аст info
التفاسير:

external-link copy
18 : 32

أَفَمَن كَانَ مُؤۡمِنٗا كَمَن كَانَ فَاسِقٗاۚ لَّا يَسۡتَوُۥنَ

Оё [подоши] касе, ки муъмин аст, ҳамчун касест, ки нофармон аст? Ҳаргиз баробар нестанд info
التفاسير:

external-link copy
19 : 32

أَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَلَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلۡمَأۡوَىٰ نُزُلَۢا بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҷойгоҳашон боғҳо [-и биҳишт] аст. Подошест ба [поси] он чи мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 32

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ فَسَقُواْ فَمَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُۖ كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَآ أُعِيدُواْ فِيهَا وَقِيلَ لَهُمۡ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ

Ва аммо касоне, ки нофармонӣ карданд, ҷойгоҳашон оташ [-и дузах] аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, ба дарунаш бозгардонда мешаванд ва ба онон гуфта мешавад: «Бичашед азоби оташеро, ки ҳамвора дурӯғаш меангоштед» info
التفاسير: