قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

بەت نومۇرى:close

external-link copy
154 : 3

ثُمَّ أَنزَلَ عَلَيۡكُم مِّنۢ بَعۡدِ ٱلۡغَمِّ أَمَنَةٗ نُّعَاسٗا يَغۡشَىٰ طَآئِفَةٗ مِّنكُمۡۖ وَطَآئِفَةٞ قَدۡ أَهَمَّتۡهُمۡ أَنفُسُهُمۡ يَظُنُّونَ بِٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ ظَنَّ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِۖ يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ مِن شَيۡءٖۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَمۡرَ كُلَّهُۥ لِلَّهِۗ يُخۡفُونَ فِيٓ أَنفُسِهِم مَّا لَا يُبۡدُونَ لَكَۖ يَقُولُونَ لَوۡ كَانَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٞ مَّا قُتِلۡنَا هَٰهُنَاۗ قُل لَّوۡ كُنتُمۡ فِي بُيُوتِكُمۡ لَبَرَزَ ٱلَّذِينَ كُتِبَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَتۡلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمۡۖ وَلِيَبۡتَلِيَ ٱللَّهُ مَا فِي صُدُورِكُمۡ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Сипас [Аллоҳ таоло] баъд аз он андӯҳ оромише бар шумо фурӯ фиристод, [ба гунае] ки гурӯҳе аз шуморо [ба сабаби итминону оромише, ки дар дилҳояшон буд] хоби сабук фаро гирифт ва гурӯҳи дигар [мунофиқин] танҳо дар фикри ҷони худ буданд ва дар бораи Аллоҳ таоло гумонҳои нораво [ва ботиле] ҳамчун гумонҳои [даврони] ҷоҳилият доштанд. Онон мегуфтанд: "Оё мо дар ин кор ихтиёре дорем"? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳамаи корҳо [ва шикасту пирӯзӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст". Онҳо чизеро дар дилҳояшон пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, [ва] мегӯянд: "Агар дар ин кор ихтиёр доштем, дар ин ҷо кушта намешудем". Бигӯ: "Агар шумо дар хонаҳои худ низ будед, касоне, ки кушта шудан бар онон муқаррар шуда буд, ҳатман, [бо пойи худ] ба сӯйи қатлгоҳҳои хеш мерафтанд". Ва [ин рӯйдодҳо] барои он аст, ки Аллоҳ таоло он чиро дар синаҳоятон [пинҳон] доред [дар амал] биёзмояд ва он чиро дар дилҳоятон аст, пок гардонад; ва Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност info
التفاسير:

external-link copy
155 : 3

إِنَّ ٱلَّذِينَ تَوَلَّوۡاْ مِنكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡتَقَى ٱلۡجَمۡعَانِ إِنَّمَا ٱسۡتَزَلَّهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ بِبَعۡضِ مَا كَسَبُواْۖ وَلَقَدۡ عَفَا ٱللَّهُ عَنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٞ

[Эй асҳоби паёмбар] Афроде аз шумо, ки дар рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [мусулмонон ва кофирон дар ҷанги Уҳуд] фирор карданд, дар ҳақиқат шайтон ононро ба сабаби баъзе аз кирдор [ва гуноҳон]-е, ки муртакиб шуда буданд, ба инҳироф кашонд ва, ҳатман, Аллоҳ таоло аз онон даргузашт. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст info
التفاسير:

external-link copy
156 : 3

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ إِذَا ضَرَبُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَوۡ كَانُواْ غُزّٗى لَّوۡ كَانُواْ عِندَنَا مَا مَاتُواْ وَمَا قُتِلُواْ لِيَجۡعَلَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ حَسۡرَةٗ فِي قُلُوبِهِمۡۗ وَٱللَّهُ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ

Эй касоне, ки имон овардаед, монанди афроде набошед, ки куфр варзиданд ва дар бораи бародаронашон – ҳангоме ки [дар пайи касби рӯзӣ] ба сафар рафтанд [ва мурданд] ё дар ҷанг ширкат карданд [ва кушта шуданд] – гуфтанд: "Агар онон назди мо буданд, намемурданд ва кушта намешуданд". [Ин эътиқод дар вуҷудашон ниҳода шуд] То Аллоҳ таоло [бад-ин гуна андӯҳ ва] ҳасрате дар дилҳояшон карор диҳад; ва Аллоҳ таоло [аст, ки] зинда мекунад ва мемиронад; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност info
التفاسير:

external-link copy
157 : 3

وَلَئِن قُتِلۡتُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوۡ مُتُّمۡ لَمَغۡفِرَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَحۡمَةٌ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ

Ва агар дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шавед ё бимиред, ҳатман, омурзиш ва раҳмати Аллоҳ таоло беҳтар аст аз чизе [ки] онон [дунёдӯстон] ҷамъ мекунанд info
التفاسير: