قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

Ҳаҷ

external-link copy
1 : 22

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱتَّقُواْ رَبَّكُمۡۚ إِنَّ زَلۡزَلَةَ ٱلسَّاعَةِ شَيۡءٌ عَظِيمٞ

Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед. Бе тардид, зилзилаи қиёмат амри бузурге аст info
التفاسير:

external-link copy
2 : 22

يَوۡمَ تَرَوۡنَهَا تَذۡهَلُ كُلُّ مُرۡضِعَةٍ عَمَّآ أَرۡضَعَتۡ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمۡلٍ حَمۡلَهَا وَتَرَى ٱلنَّاسَ سُكَٰرَىٰ وَمَا هُم بِسُكَٰرَىٰ وَلَٰكِنَّ عَذَابَ ٱللَّهِ شَدِيدٞ

Рӯзе, ки онро мебинед, [он чунон ваҳшатнок аст, ки] ҳар модари ширдеҳе [фарзанди] ширхорашро фаромӯш мекунад ва ҳар [мавҷуди] бордоре ҷанини худро [бар замин] мениҳад ва мардумро маст мебинӣ, дар ҳоле ки маст нестанд, балки азоби Аллоҳ таоло шадид аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 22

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيۡطَٰنٖ مَّرِيدٖ

Ва аз [миёни] мардум касе ҳаст, ки бидуни [ҳеҷ] донише дар бораи Аллоҳ таоло муҷодала мекунад ва аз ҳар шайтони саркаше пайравӣ менамояд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 22

كُتِبَ عَلَيۡهِ أَنَّهُۥ مَن تَوَلَّاهُ فَأَنَّهُۥ يُضِلُّهُۥ وَيَهۡدِيهِ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ

[Дар қазои илоҳӣ бар шайтон] Муқаррар шудааст, ҳар ки ӯро ба дӯстӣ бигирад, ҳатман, гумроҳаш месозад ва ба азоби оташ мекашонад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 22

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةٖ مُّخَلَّقَةٖ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةٖ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡـٔٗاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ

Эй мардум, агар дар бораи барангехта шудан [дар қиёмат] тардид доред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва он гоҳ аз хуни басташуда, сипас аз порагӯште шаклёфта ва [баъзан] шаклноёфта, [чунин кардем] то [қудрати хешро] бароятон ошкор созем; ва ҳар чиро ки бихоҳем, то муддате муайян дар раҳим [-и модарон] нигаҳ медорем, он гоҳ шуморо ба сурати навзоде берун меоварем, сипас [парвариш меёбед] то ба ҳадди рушд [ва булуғи] худ бирасед ва аз шумо касе ҳаст, ки [дар даврони ҷавонӣ] мемирад ва касе низ ҳаст [ки он қадар умр мебинанд, то] ба ниҳояти фартутӣ [ва куҳансолӣ] мерасад, чунонки пас аз [он ҳама] дониш [ҳамаро фаромӯш мекунад ва] чизе намедонад. Ва [аммо мисоле дигар] заминро хушкида мебинӣ, вале чун оби [борон] бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад ва аз ҳар навъ [гиёҳи] зебое мерӯёнад info
التفاسير: