قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

Исро

external-link copy
1 : 17

سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ

Поку муназзаҳ аст он [Парвардигоре] ки бандааш [Муҳаммад]-ро шабонгоҳ аз масҷиду-л-ҳаром ба сӯйи Масҷид-ул-ақсо – ки перомунашро баракат додаем – сайр дод, то бархе аз нишонаҳои [қудрати] хешро ба ӯ бинмоёнем. Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои биност info
التفاسير:

external-link copy
2 : 17

وَءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَلَّا تَتَّخِذُواْ مِن دُونِي وَكِيلٗا

Ва Мо ба Мӯсо китоби [Таврот] додем ва онро [мояи] ҳидояти Бани Исроил сохтем [ва фармудем], ки: «Ҷуз ман коргузоре [барои худ] барнагузинед» info
التفاسير:

external-link copy
3 : 17

ذُرِّيَّةَ مَنۡ حَمَلۡنَا مَعَ نُوحٍۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَبۡدٗا شَكُورٗا

Эй фарзандони касоне, ки бо Нуҳ [бар киштӣ] саворашон кардем, ба ростӣ ӯ [Нуҳ] бандае шукргузор буд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 17

وَقَضَيۡنَآ إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَتُفۡسِدُنَّ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَّتَيۡنِ وَلَتَعۡلُنَّ عُلُوّٗا كَبِيرٗا

Ва дар китоби [Таврот] ба Бани Исроил ваҳй кардем, ки ҳатман, ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва ҳатман, саркашӣ [ва туғёни] бузурге хоҳед намуд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 17

فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ أُولَىٰهُمَا بَعَثۡنَا عَلَيۡكُمۡ عِبَادٗا لَّنَآ أُوْلِي بَأۡسٖ شَدِيدٖ فَجَاسُواْ خِلَٰلَ ٱلدِّيَارِۚ وَكَانَ وَعۡدٗا مَّفۡعُولٗا

Пас, ҳар гоҳ ваъдаи нахустин аз он ду [бор] фаро расид, гурӯҳе аз бандагони бисёр неруманд [ва пайкорҷӯйи] худро бар шумо бармеангезем, то миёни хонаҳо [-ятон барои қатлу ғорати шумо] ба ҷустуҷӯ дароянд; ва ин ваъдаи анҷомшуданӣ [ва қатъӣ] буд info
التفاسير:

external-link copy
6 : 17

ثُمَّ رَدَدۡنَا لَكُمُ ٱلۡكَرَّةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَمۡدَدۡنَٰكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ أَكۡثَرَ نَفِيرًا

Он гоҳ [пас аз муддате] шуморо бар онон мусаллат мегардонем ва бо амволу фарзандон ёриатон мекунем, ва [теъдоди] нафароти шуморо бештар [аз душман] мегардонем info
التفاسير:

external-link copy
7 : 17

إِنۡ أَحۡسَنتُمۡ أَحۡسَنتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡۖ وَإِنۡ أَسَأۡتُمۡ فَلَهَاۚ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ لِيَسُـُٔواْ وُجُوهَكُمۡ وَلِيَدۡخُلُواْ ٱلۡمَسۡجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوۡاْ تَتۡبِيرًا

Агар [дар гуфтору рафтор] некӣ кунед, ба худ некӣ кардаед; ва агар бадӣ кунед, [боз ҳам ба] худ кардаед. Пас, ҳангоме ки ваъдаи дигар фаро расид [душман ончунон хоратон месозад], ки осори ғаму андӯҳ дар чеҳраҳоятон зоҳир мешавад ва ҳамон гуна ки бори нахуст ворид шуданд [ин бор низ ҳамла меоваранд], то ба Масҷид[-ул-ақсо] дохил шаванд ва то бар ҳар чи даст ёбанд, яксара нобуд кунанд info
التفاسير: