قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى- رۇۋاد تەرجىمە مەركىزى

بەت نومۇرى:close

external-link copy
89 : 10

قَالَ قَدۡ أُجِيبَت دَّعۡوَتُكُمَا فَٱسۡتَقِيمَا وَلَا تَتَّبِعَآنِّ سَبِيلَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: Ҳатман, дуои шумо ду нафар пазируфта шуд, пас, истиқомат кунед ва аз роҳи касоне, ки намедонанд, пайравӣ накунед» info
التفاسير:

external-link copy
90 : 10

۞ وَجَٰوَزۡنَا بِبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱلۡبَحۡرَ فَأَتۡبَعَهُمۡ فِرۡعَوۡنُ وَجُنُودُهُۥ بَغۡيٗا وَعَدۡوًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَدۡرَكَهُ ٱلۡغَرَقُ قَالَ ءَامَنتُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱلَّذِيٓ ءَامَنَتۡ بِهِۦ بَنُوٓاْ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَأَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ

Ва [саранҷом] Бани Исроилро аз дарё гузарондем,он гоҳ Фиръавн ва сипоҳиёнаш аз рӯйи ситам ва таҷовуз дар пайи онон рафтанд, то ҳангоме ки ғарқоби Ӯ [Фиръавн]-ро фаро гирифт, [бо ноумедӣ] гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] нест, магар касе, ки Бани Исроил ба Ӯ имон овардаанд ва ман аз таслимшудагонам» info
التفاسير:

external-link copy
91 : 10

ءَآلۡـَٰٔنَ وَقَدۡ عَصَيۡتَ قَبۡلُ وَكُنتَ مِنَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

[Ба ӯ гуфта шуд ] «Инак [имон меоварӣ]? Ва ҳол онки пештар сарпечӣ мекардӣ ва аз муфсидон будӣ? info
التفاسير:

external-link copy
92 : 10

فَٱلۡيَوۡمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنۡ خَلۡفَكَ ءَايَةٗۚ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ عَنۡ ءَايَٰتِنَا لَغَٰفِلُونَ

[Бидон, ки] имрӯз пайкари [беҷони] туро бар баландии [соҳил] меандозем, то барои ояндагонат мояи ибрат бошад ва ба ростӣ, бисёре аз мардум аз нишонаҳои [тавону тадбири] мо ғофиланд info
التفاسير:

external-link copy
93 : 10

وَلَقَدۡ بَوَّأۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ مُبَوَّأَ صِدۡقٖ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ فَمَا ٱخۡتَلَفُواْ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

Ва бе тардид, Мо Бани Исроилро дар ҷойгоҳи шоиста [дар сарзамини Шом] ҷой додем ва аз неъматҳои покиза рӯзияшон кардем. Пас, онҳо ихтилоф накарданд, магар пас аз онки илм [ба ҳаққонияти Қуръон] ба сӯяшон омад. [Эй паёмбар] Парвардигорат рӯзи қиёмат дар бораи ончи ихтилоф мекарданд, ҳатман, миёнашон ҳукм мекунад info
التفاسير:

external-link copy
94 : 10

فَإِن كُنتَ فِي شَكّٖ مِّمَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ فَسۡـَٔلِ ٱلَّذِينَ يَقۡرَءُونَ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكَۚ لَقَدۡ جَآءَكَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ

Пас, агар дар ончи бар ту нозил кардаем, тардиде дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоб [-ҳоиТаврот ва Инҷил]-ро мехонданд, суол кун. Яқинан ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба сӯйи ту омадааст. Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош info
التفاسير:

external-link copy
95 : 10

وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Ва [ҳамчунин] аз касоне набош, ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангоштанд, ки аз зиёнкорон хоҳӣ буд info
التفاسير:

external-link copy
96 : 10

إِنَّ ٱلَّذِينَ حَقَّتۡ عَلَيۡهِمۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ

Бе тардид, касоне, ки сухани Парвардигорат дар бораи [куфр дар дунё бар] онон таҳаққуқ ёфтааст, имон намеоваранд info
التفاسير:

external-link copy
97 : 10

وَلَوۡ جَآءَتۡهُمۡ كُلُّ ءَايَةٍ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ

Гарчи ҳар нишона [ва панде] барояшон биёяд, [магар] вақте ки азоби дарднокро бубинанд info
التفاسير: