Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Hoca Mirov Hoca Mir

Sayfa numarası:close

external-link copy
32 : 5

مِنۡ أَجۡلِ ذَٰلِكَ كَتَبۡنَا عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَنَّهُۥ مَن قَتَلَ نَفۡسَۢا بِغَيۡرِ نَفۡسٍ أَوۡ فَسَادٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ ٱلنَّاسَ جَمِيعٗا وَمَنۡ أَحۡيَاهَا فَكَأَنَّمَآ أَحۡيَا ٱلنَّاسَ جَمِيعٗاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡأَرۡضِ لَمُسۡرِفُونَ

32. Ба сабаби ин ҳодиса ҳукм кардем бани Исроилро, ки ҳар кӣ бикушад касеро ба ғайри ивази касе ё бегуноҳ дар рўи замин , чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки сабаби зиндагонии касе шуд яъне, аз куштани чунин шахси бегуноҳ худдорӣ кард, пас гуё, ки зинда сохтааст тамоми мардумонро. Ва ба таҳқиқ паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо(бани Исроил) фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рўи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд.[464]. info

[464]Яъне, гуноҳ мекарданд ва аз пайравӣ расулони гузашта даст мекашиданд. Тафсири Табари 242 | 10

التفاسير:

external-link copy
33 : 5

إِنَّمَا جَزَٰٓؤُاْ ٱلَّذِينَ يُحَارِبُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادًا أَن يُقَتَّلُوٓاْ أَوۡ يُصَلَّبُوٓاْ أَوۡ تُقَطَّعَ أَيۡدِيهِمۡ وَأَرۡجُلُهُم مِّنۡ خِلَٰفٍ أَوۡ يُنفَوۡاْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِۚ ذَٰلِكَ لَهُمۡ خِزۡيٞ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ

33. Ҳамоно ҷазои касоне, ки бо Аллоҳ ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекўшанд, яъне роҳзанӣ мекунанд он аст, ки кушта шаванд ё ба дор кашида шаванд ё дастҳову пойҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Ин барои хор ва шарманда шуданашон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азоби сахт гирифтор хоҳанд шуд. [465] info

[465] Тафсири ибни Касир 3/ 100

التفاسير:

external-link copy
34 : 5

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِن قَبۡلِ أَن تَقۡدِرُواْ عَلَيۡهِمۡۖ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

34. Магар, касоне ки пеш аз он ки шумо онҳоро дастгир кунед, тавба кунанд. Парвардигор онҳоро меомўрзад. Пас бидонед, ки Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст![466] info

[466]Яъне ҳад соқит мешавад, аммо ҳаққу ҳуқуқи одамон соқит намешавад Тафсири Бағави 3/ 50

التفاسير:

external-link copy
35 : 5

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱبۡتَغُوٓاْ إِلَيۡهِ ٱلۡوَسِيلَةَ وَجَٰهِدُواْ فِي سَبِيلِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

35. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариати Ӯ амал кардаед аз Аллоҳ битарсед ва ба тоаташ наздикӣҷўед ва ба ризогии Ӯ амал намоед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, то ки растагор гардед![467] info

[467]Тафсири Ибни Касир 3\103

التفاسير:

external-link copy
36 : 5

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ أَنَّ لَهُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا وَمِثۡلَهُۥ مَعَهُۥ لِيَفۡتَدُواْ بِهِۦ مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا تُقُبِّلَ مِنۡهُمۡۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

36. Онон, ки ба ягонагии Парвардигор ва шариати Ӯ кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рўи замин аст ва монанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рўзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад зеро вақти бозхаридани худ аз азоб аз байн рафта ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд![468] info

[468] Тафсири Саъдӣ 1\230

التفاسير: