Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Hoca Mirov Hoca Mir

Sayfa numarası:close

external-link copy
40 : 44

إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ مِيقَٰتُهُمۡ أَجۡمَعِينَ

40. Ҳароина, ваъдагоҳи ҳама барои ҷудо сохтани некӯкор аз бадкор дар рӯзи доварӣ, (қиёмат) аст. info
التفاسير:

external-link copy
41 : 44

يَوۡمَ لَا يُغۡنِي مَوۡلًى عَن مَّوۡلٗى شَيۡـٔٗا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ

41. Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва наметавонад ба наздиконаш ҳеҷ гуна нафъе бирасонад ва барояш аз сӯи касе ёрӣ нашавад, info
التفاسير:

external-link copy
42 : 44

إِلَّا مَن رَّحِمَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

42. магар касе, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм кардааст, шафоъат карда мешавад дар назди Парвардигораш, баъд аз он ки Аллоҳ барояш рухсат диҳад. Ҳароина, Ӯст пирӯзманд дар интиқом гирифтан бар душманонаш ва меҳрубон аст ба дӯстони итоъаткори худ.[2518] info

[2518] Тафсири Бағавӣ 7\235

التفاسير:

external-link copy
43 : 44

إِنَّ شَجَرَتَ ٱلزَّقُّومِ

43. Ҳароина, дарахти Заққум, ки дар ҷаҳаннам мерӯяд, info
التفاسير:

external-link copy
44 : 44

طَعَامُ ٱلۡأَثِيمِ

44. таъоми гунаҳкорон аст.Ва аз бузургтарин гуноҳҳо шарик овардан ба Аллоҳ аст. info
التفاسير:

external-link copy
45 : 44

كَٱلۡمُهۡلِ يَغۡلِي فِي ٱلۡبُطُونِ

45. Монанди миси гудохта дар шикамҳои мушрикон меҷӯшад. info
التفاسير:

external-link copy
46 : 44

كَغَلۡيِ ٱلۡحَمِيمِ

46. Монанди сахт ҷӯшидани оби сӯзон. info
التفاسير:

external-link copy
47 : 44

خُذُوهُ فَٱعۡتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ

47. Ба фариштагони нигаҳбони дӯзах гуфта мешавад: Бигиред ин гунаҳкорро ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед[2519] info

[2519] Тафсири Бағавӣ 7\236

التفاسير:

external-link copy
48 : 44

ثُمَّ صُبُّواْ فَوۡقَ رَأۡسِهِۦ مِنۡ عَذَابِ ٱلۡحَمِيمِ

48. ва бар болои сари ин гунаҳкор оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.[2520] info

[2520] Тафсири Табарӣ 22\48

التفاسير:

external-link copy
49 : 44

ذُقۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡكَرِيمُ

49.Ба ин гунаҳкори бадбахт гуфта шавад: Бичаш, ин азобро, ки ту гумон доштӣ, ки дар қавми худ пирӯзманду бузургвор ҳастӣ![2521] info

[2521] Тафсири Саъдӣ 1\774

التفاسير:

external-link copy
50 : 44

إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِۦ تَمۡتَرُونَ

50. Ҳароина, ин азоб ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед ҳангоме ки дар дунё будед ва ба он боварии яқин надоштед[2522]. info

[2522] Тафсири Табарӣ 22\50

التفاسير:

external-link copy
51 : 44

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٖ

51. Ҳароина, Парҳезгорон, ки дар дунё фармонҳои Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳояш дур шуданд дар ҷои амне ҳастанд, ки аз тамоми ҳаросу ғамҳо осудахотиранд,[2523] info

[2523]Тафсири ибни Касир 7\261

التفاسير:

external-link copy
52 : 44

فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ

52.дар боғҳо ва чашмасорҳои равон, info
التفاسير:

external-link copy
53 : 44

يَلۡبَسُونَ مِن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَقَٰبِلِينَ

53. либосҳои аз сундусу истабрақ[2524] мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд, то бо ҳам бештар унс бигиранд.[2525] info

[2524]Сундус: абрешими нозук ва “истабрақ”: абрешими дурушт
[2525] Тафсири Саъдӣ 1\774

التفاسير:

external-link copy
54 : 44

كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ

54. Чунонки парҳезгоронро дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.[2526] info

[2526] Тафсири Табарӣ 22\52

التفاسير:

external-link copy
55 : 44

يَدۡعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَٰكِهَةٍ ءَامِنِينَ

55. Парҳезгорон дар он ҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир металабанд. info
التفاسير:

external-link copy
56 : 44

لَا يَذُوقُونَ فِيهَا ٱلۡمَوۡتَ إِلَّا ٱلۡمَوۡتَةَ ٱلۡأُولَىٰۖ وَوَقَىٰهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ

56. Парҳезгорон дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин, ки дар дунё чашида буданд. Ва онҳоро Аллоҳ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст. info
التفاسير:

external-link copy
57 : 44

فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

57. Ин фазлу бахшишест аз ҷониби Парвардигори ту. Ин аст комёбии бузург! info
التفاسير:

external-link copy
58 : 44

فَإِنَّمَا يَسَّرۡنَٰهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

58. Пас ҳароина, Мо адои сухани хеш Қуръонро ба забони ту эй Расул осон кардем, то панд бигиранд![2527] info

[2527] Тафсири Табарӣ 22\53

التفاسير:

external-link copy
59 : 44

فَٱرۡتَقِبۡ إِنَّهُم مُّرۡتَقِبُونَ

59. Эй Расул, ту мунтазир бош, пирӯзиеро, ки Аллоҳ ба ту ваъда додааст бар он мушрикон ва азоберо ки бар онҳо фарогирандааст, ки ҳароина, онҳо низ марги туро мунтазиранд. Ба зудӣ хоҳанд донист, ки ғалаба дар дунёву охират ба ҷониби туст эй Расул ва касоне, ки пайравӣ туанд.[2528] info

[2528] Тафсири ибни Касир 7\263

التفاسير: