Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Hoca Mirov Hoca Mir

Исро

external-link copy
1 : 17

سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ

1. Пок аст он Аллоҳе, ки бандаи худро бо ҷасаду рӯҳ, бедор на хоб, шабе аз Масҷидулҳаром (Макка)ба Масҷидулақсо, (Байтулмуқаддас)ки гирдогирдашро бо зироату меваҳо баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, Ӯ шунавову биност![1433] info

[1433] Тафсири Саъдӣ 1\453

التفاسير:

external-link copy
2 : 17

وَءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَلَّا تَتَّخِذُواْ مِن دُونِي وَكِيلٗا

2. Ва китоби Тавротро ба Мӯсо додем ва он китобро роҳнамои бани Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман сарпарасти дигаре дар амри дину дунёятон интихоб накунед.[1434] info

[1434] Тафсири Саъдӣ 1\453

التفاسير:

external-link copy
3 : 17

ذُرِّيَّةَ مَنۡ حَمَلۡنَا مَعَ نُوحٍۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَبۡدٗا شَكُورٗا

3. Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон бардоштем, Мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас Аллоҳро дар муқобили неъматҳояш шукргузор бошед, бидонед, ки ӯ (Нӯҳ) бандае сипосгузор буд.[1435] info

[1435] Тафсири Бағавӣ 5\67

التفاسير:

external-link copy
4 : 17

وَقَضَيۡنَآ إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَتُفۡسِدُنَّ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَّتَيۡنِ وَلَتَعۡلُنَّ عُلُوّٗا كَبِيرٗا

4. Ва бани Исроилро дар Тавроте, ки ба онҳо нозил шуда буд, хабар додем, ки ду бор дар замини (Шом ва Байтулмуқаддас) фасод мекунед ва низ саркашӣ мекунед, ва сар ба туғён хоҳед дошт.[1436] info

[1436]Тафсири Бағавӣ 5\79

التفاسير:

external-link copy
5 : 17

فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ أُولَىٰهُمَا بَعَثۡنَا عَلَيۡكُمۡ عِبَادٗا لَّنَآ أُوْلِي بَأۡسٖ شَدِيدٖ فَجَاسُواْ خِلَٰلَ ٱلدِّيَارِۚ وَكَانَ وَعۡدٗا مَّفۡعُولٗا

5. Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба анҷом расид. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 17

ثُمَّ رَدَدۡنَا لَكُمُ ٱلۡكَرَّةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَمۡدَدۡنَٰكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ أَكۡثَرَ نَفِيرًا

6. Бори дигар чун ислоҳ шудед, шуморо бар онҳо (Ҷолут ва лашкараш) ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шумораатон дар замони Довуд (алайҳиссалом) афзудем.[1437] info

[1437] Тафсири Табарӣ 17\370

التفاسير:

external-link copy
7 : 17

إِنۡ أَحۡسَنتُمۡ أَحۡسَنتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡۖ وَإِنۡ أَسَأۡتُمۡ فَلَهَاۚ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ لِيَسُـُٔواْ وُجُوهَكُمۡ وَلِيَدۡخُلُواْ ٱلۡمَسۡجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوۡاْ تَتۡبِيرًا

7. Аллоҳ ба бани Исроил мегӯяд: Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум[1438] фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо бо озору алам расонидан ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.[1439] info

[1438] Ва омадани ин вақт дар замоне буд ки Паёмбари Аллоҳ Яҳё ибни Закариёро куштанд
[1439] Тафсири Табарӣ 17\372

التفاسير: