Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Rowad Tercüme Merkezi

Нӯҳ

external-link copy
1 : 71

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرۡ قَوۡمَكَ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон] info
التفاسير:

external-link copy
2 : 71

قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ

[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам info
التفاسير:

external-link copy
3 : 71

أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ

Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед info
التفاسير:

external-link copy
4 : 71

يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُؤَخِّرۡكُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُۚ لَوۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед» info
التفاسير:

external-link copy
5 : 71

قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوۡتُ قَوۡمِي لَيۡلٗا وَنَهَارٗا

Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам info
التفاسير:

external-link copy
6 : 71

فَلَمۡ يَزِدۡهُمۡ دُعَآءِيٓ إِلَّا فِرَارٗا

Вале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 71

وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوٓاْ أَصَٰبِعَهُمۡ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِيَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارٗا

Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 71

ثُمَّ إِنِّي دَعَوۡتُهُمۡ جِهَارٗا

Он гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам info
التفاسير:

external-link copy
9 : 71

ثُمَّ إِنِّيٓ أَعۡلَنتُ لَهُمۡ وَأَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ إِسۡرَارٗا

Он гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам info
التفاسير:

external-link copy
10 : 71

فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارٗا

Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст info
التفاسير: