Kur'an-ı Kerim meal tercümesi - Tacikçe Tercüme - Rowad Tercüme Merkezi

Sayfa numarası:close

external-link copy
19 : 35

وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ

Ва [кофир ва муъмин баробар нестанд; чунонки] нобино ва бино яксон нестанд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 35

وَلَا ٱلظُّلُمَٰتُ وَلَا ٱلنُّورُ

Ва на торикиҳо ва нур info
التفاسير:

external-link copy
21 : 35

وَلَا ٱلظِّلُّ وَلَا ٱلۡحَرُورُ

Ва на соя ва боди сӯзон info
التفاسير:

external-link copy
22 : 35

وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَحۡيَآءُ وَلَا ٱلۡأَمۡوَٰتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُسۡمِعُ مَن يَشَآءُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُسۡمِعٖ مَّن فِي ٱلۡقُبُورِ

Ва зиндагон ва мурдагон яксон нестанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло [нидои ҳақро] ба гӯши ҳар ки бихоҳад мерасонад ва ту [эй паёмбар] наметавонӣ касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, шунаво созӣ info
التفاسير:

external-link copy
23 : 35

إِنۡ أَنتَ إِلَّا نَذِيرٌ

Ту ҷуз бимдиҳандае [беш] нестӣ info
التفاسير:

external-link copy
24 : 35

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗاۚ وَإِن مِّنۡ أُمَّةٍ إِلَّا خَلَا فِيهَا نَذِيرٞ

Ба ростӣ, Мо туро ба ҳақ башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем ва [дар наслҳои гузашта низ] ҳеҷ уммате набуд, магар он ки миёнашон бимдиҳандае гузашта аст info
التفاسير:

external-link copy
25 : 35

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَبِٱلزُّبُرِ وَبِٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُنِيرِ

Ва агар [мушрикон] туро дурӯғгӯ меангоранд, [аҷиб нест; чаро ки] бе тардид, касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ] паёмбаронашонро, ки бо далоили равшан ва китобҳои осмонӣ ва китоби равшангар ба суроғашон омаданд, дурӯғгӯ ангоштанд info
التفاسير:

external-link copy
26 : 35

ثُمَّ أَخَذۡتُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ

Он гоҳ [Ман низ] касонеро, ки куфр варзида буданд, нобуд кардам; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд info
التفاسير:

external-link copy
27 : 35

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ ثَمَرَٰتٖ مُّخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهَاۚ وَمِنَ ٱلۡجِبَالِ جُدَدُۢ بِيضٞ وَحُمۡرٞ مُّخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهَا وَغَرَابِيبُ سُودٞ

Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе нозил кард ва ба [василаи] он [аз дарахтони мухталиф] меваҳое падид овардем, ки рангҳояш гуногун аст ва аз кӯҳҳо [низ рагаҳо ва] роҳҳое сафед ва қирмиз ва комилан сиёҳ [офаридем], ки рангҳояш гуногун аст? info
التفاسير:

external-link copy
28 : 35

وَمِنَ ٱلنَّاسِ وَٱلدَّوَآبِّ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ مُخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهُۥ كَذَٰلِكَۗ إِنَّمَا يَخۡشَى ٱللَّهَ مِنۡ عِبَادِهِ ٱلۡعُلَمَٰٓؤُاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ

Ва ҳамчунин аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён [низ махлуқоте офаридем, ки] рангҳояш гуногун аст. Ба ростӣ, аз [миёни] бандагони Аллоҳ таоло, танҳо доноён [ҳастанд, ки ба сифот ва аҳкоми илоҳӣ огоҳӣ доранд ва] аз Ӯ метарсанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири омурзанда аст info
التفاسير:

external-link copy
29 : 35

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ يَرۡجُونَ تِجَٰرَةٗ لَّن تَبُورَ

Дар ҳақиқат, касоне, ки китоби Аллоҳро мехонанд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, ба тиҷорате [пурсуд] умед доранд, ки ҳаргиз зиён [ва касодӣ] надорад info
التفاسير:

external-link copy
30 : 35

لِيُوَفِّيَهُمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ غَفُورٞ شَكُورٞ

То [Аллоҳ таоло] подошашонро ба тамомӣ бидиҳад ва аз фазли хеш бар [ҳаққи] онон биафзояд. Бе тардид, Ӯ омурзандаи сипосгузор аст info
التفاسير: