அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர்

பக்க எண்:close

external-link copy
142 : 2

۞ سَيَقُولُ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَ ٱلنَّاسِ مَا وَلَّىٰهُمۡ عَن قِبۡلَتِهِمُ ٱلَّتِي كَانُواْ عَلَيۡهَاۚ قُل لِّلَّهِ ٱلۡمَشۡرِقُ وَٱلۡمَغۡرِبُۚ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

142. Мардумони бехирад аз яҳуду насрониён ва аҳли нифоқ онон, ки ақлашон заиф аст, тамасхурона хоҳанд гуфт: «Чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рў ба рўи он меистоданд, баргардонид? » Эй Расул, ба онҳо бигў: «Машриқу Мағриб ва мобайни он мулки Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад! ». (Танбеҳ: Ҳама чиз мулки Аллоҳ аст, ҳатто ҳамаи ҷиҳат ва атроф аз мулки Ў хориҷ нест ва дар ҳама ҳол ба ҷо овардани амри Аллоҳ лозим аст. Пас ба кадом тараф амр намояд, ба ҳамон тараф рў меорем.)[81] info

[81] Тафсири Саъдӣ 1\70

التفاسير:

external-link copy
143 : 2

وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَٰكُمۡ أُمَّةٗ وَسَطٗا لِّتَكُونُواْ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِ وَيَكُونَ ٱلرَّسُولُ عَلَيۡكُمۡ شَهِيدٗاۗ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلۡقِبۡلَةَ ٱلَّتِي كُنتَ عَلَيۡهَآ إِلَّا لِنَعۡلَمَ مَن يَتَّبِعُ ٱلرَّسُولَ مِمَّن يَنقَلِبُ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِۚ وَإِن كَانَتۡ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۗ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُضِيعَ إِيمَٰنَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ

143. Ва ҳамчунин шуморо ба роҳи рост роҳ намудем ва шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то ба мардум дар охират гувоҳ бошед ва низ паёмбар бар шумо гувоҳ бошад, ки ў рисолати Парвардигорашро ба мардум расонид. Ва он қиблаеро, ки рў ба сўи он[82] мекардӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки ба паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки пайравӣ намекунанд, бозшиносем. Ва касоне, ки имонашон заиф буд аз сабаби шак ва нифоқашон аз динашон бедин шуданд. Ба дурустӣ, ки гардонидани қибла аз Байтулмуқаддас ба сўи Каъба душвор аст, магар бар касоне, ки Аллоҳ ба онҳо ҳидоят ва имону тақво арзонӣ намудааст. Аллоҳ имон ва намозатонро табоҳ намекунад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба мардум меҳрубон ва бахшоянда аст![83] info

[82] Байтулмуқаддас
[83] Тафсири Бағавӣ 1\160

التفاسير:

external-link copy
144 : 2

قَدۡ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجۡهِكَ فِي ٱلسَّمَآءِۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبۡلَةٗ تَرۡضَىٰهَاۚ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ لَيَعۡلَمُونَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا يَعۡمَلُونَ

144. Эй Паёмбар, Мо чашм дўхтан ва нигоҳ кардани туро ба тамоми ҷиҳатҳои осмон мебинем, ки бо шавқ дар интизори он ҳастӣ, ки ваҳй нозил шавад. Пас албатта туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рўй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон чун иродаи намоз кардед, рўй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки гардонидани қибла ба сўи Каъба ҳақ аст ва дар китобашон собит аст. Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунанд, бехабар нест! info
التفاسير:

external-link copy
145 : 2

وَلَئِنۡ أَتَيۡتَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ بِكُلِّ ءَايَةٖ مَّا تَبِعُواْ قِبۡلَتَكَۚ وَمَآ أَنتَ بِتَابِعٖ قِبۡلَتَهُمۡۚ وَمَا بَعۡضُهُم بِتَابِعٖ قِبۡلَةَ بَعۡضٖۚ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ إِنَّكَ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ

145. Эй Расул, барои онон ки Таврот ва Инҷил дода шуд, ҳар далелу нишонае, ки биёварӣ, ки гардонидани қибла ба сўи Каъба ҳақ аст, ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ нахоҳанд кард ва нестӣ ту пайравикунанда қиблаи онҳоро; ва баъзеи онҳо қиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд. Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)[84] info

[84] Тафсири Саъдӣ 1\72

التفاسير: