அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர்

Бақара

external-link copy
1 : 2

الٓمٓ

1. Алиф. Лом. Мим.. Ин гуна ҳарфҳо, ҳарфҳои муқаттаъаанд[1], дар аввали сураҳо меоянд. Дар ин ишораест ба эъҷози Қуръон ва ҳуҷҷат овардан бар мушрикон. Ин ба он далолат мекунад, ки арабҳо мисли ин гуна ваҳйи илоҳӣ овардан натавонанд. info

1)Ин сирри Қуръонӣ аст, ба зоҳири ин ҳарфҳо имон дорем ва илми онро ба Аллоҳ месупорем. (Тафсири “Маъолиму-т-танзил”, таълифи Абумуҳаммад Ҳусайн ибни Масъуди Бағавӣ, 1\59

التفاسير:

external-link copy
2 : 2

ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ

2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест ва аз ҷиҳати равшан буданаш ба ҳеҷ кас дуруст нест, ки дар он шак кунад. Аз ин китоб баҳра мебаранд муттақиён, онон, ки аз Аллоҳ метарсанд ва ҳукмҳои Ўро пайраванд. Ин китоб парҳезгоронро роҳнамост: info
التفاسير:

external-link copy
3 : 2

ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ

3. онон, ки имон меоваранд ба ғайб, ки ҳиссиёту ақлашон онро дарк намекунад, магар ба тариқи ваҳйе, ки Аллоҳ ба расулонаш мефиристад. (Имон ин калимаест, ки дарбар мегирад Бо забон иқрор кардани ба Аллоҳ, малоикаҳо, китобҳо, расулон, рўзи охират ва тақдири некӣ ва бадиро ва низиқрор кардани бо забон ва амал кардан бо дил, забон ва ҷавореҳ аст)[2] ва онон бинобар тасдиқашон ба ғайб намозро дар вақташ мувофиқи шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам адо менамоянд ва аз он чи рўзияшон додаем, нафақа медиҳанд (нафақаи воҷибӣ; монанди закот, нафақаи зану фарзанд... ва нафақаи мустаҳабӣ; монанди ҳамаи корҳои хайр[3]). info

[2] Яъне, онҳое, ки аз азоби Аллоҳ ҳазар мекунанд ва умедвори раҳматаш мебошанд. (Тафсири “Қуръони азим”, таълифи Абулфидо Исмоил ибни Умар ибни Касир. 1\165
[3] Тафсири “Тайсиру-л-кариму-р-раҳмон фӣ тафсири каломи-л-маннон”, таълифи Абдураҳмон ибни Носир ибни Саъдӣ 1\40

التفاسير:

external-link copy
4 : 2

وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَ وَبِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ

4. ва онон, ки ба он чи бар ту нозил шуд, Қуръон ва ҳикмат (суннат)ва бар паёмбарони пеш аз ту монанди Таврот, Инҷил ва ғайраҳо нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират бовар доранд. Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан ва он чӣ дар он аз ҳисобу ҷазо аст. Дар оят зикри охират баён шудааст, зеро имон овардан ба он аз бузургтарин чизест, ки мўъмини парҳезгорро бар иҷрои тоъат водор мекунад ва аз муҳаррамот дур месозад ва ба муҳосабаи нафс бедор мекунад. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 2

أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

5. Касоне, ки дорои ин гуна сифотанд, бо нури Парвардигорашон ва тавфиқ аз ҷониби холиқашон, дар ҳаёти дунё умр ба сар мебаранд ва худ наҷот ёфтагонанд. Он чиро ки талаб карданд, дарёфтанд ва аз бадии он чӣ, ки гурехтанд, наҷот ёфтанд. info
التفاسير: