ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර්

Соффот

external-link copy
1 : 37

وَٱلصَّٰٓفَّٰتِ صَفّٗا

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он фариштагоне, ки барои ибодаташ саф бастаанд, info
التفاسير:

external-link copy
2 : 37

فَٱلزَّٰجِرَٰتِ زَجۡرٗا

2. пас савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро ба амри Аллоҳ сахт меронанд. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 37

فَٱلتَّٰلِيَٰتِ ذِكۡرًا

3. Ва савганд ба он фариштагоне, ки зикри Аллоҳро мехонанд. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 37

إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٞ

4. Ҳароина эй одамон,маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки шарик надорад. Пас Ӯро ибодат ваитоъат кунед.[2171] info

[2171] Аллоҳ таъоло ба чизе аз махлуқоташ хоҳад касам мехӯрад. Аммо барои халқаш чоиз нест қасам хӯрдан, магар ба номи Аллоҳ, пас қасам хӯрдан ба номи ғайри Аллоҳ ширк аст.

التفاسير:

external-link copy
5 : 37

رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ

5. Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёнионҳост. Ва Парвардигори машриқҳост! info
التفاسير:

external-link copy
6 : 37

إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِزِينَةٍ ٱلۡكَوَاكِبِ

6. ҳароина, Мо осмони дунёро оростаем ба зиннати ситорагон. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 37

وَحِفۡظٗا مِّن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ مَّارِدٖ

7. Ва осмонро ба ситорагон аз ҳар шайтони саркаш нигаҳ доштем. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 37

لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰ وَيُقۡذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٖ

8. То натавонанд шайтонҳо, ки бирасанд ба “Малау-л-аъло” (яъне, ба осмонҳо ва ба фариштагоне, ки дар он ҷо мебошанд, то бишнаванд суханеро, ки Аллоҳ ба онҳо ваҳй мекунад). Ва аз ҳар сӯй андохта шаванд бо ситорае (шӯълае). info
التفاسير:

external-link copy
9 : 37

دُحُورٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ وَاصِبٌ

9. То шайтонҳо ронда шаванд аз осмон ва барои онҳост дар охират азоби доими аламовар. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 37

إِلَّا مَنۡ خَطِفَ ٱلۡخَطۡفَةَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ ثَاقِبٞ

10. Магар он шайтон, ки ногаҳон пораи хабареро бирабояд ва он сухане мебошад, ки мешунавад ӯро аз осмон, пас онро ба шайтони поёнӣ медиҳад ва он ба дигаре, ки аз ӯ поёнтар аст медиҳад ва мумкин аст, ки шӯълае ӯро дарк кунад ва сӯзонад ва мумкин аст, ки ба қазо қадари Аллоҳ шӯъла онро дарк накунаду насӯзонад, пас он каломро шайтоне ба коҳине[2172] мерасонад ва дар он сад дурӯғи дигар изофа мекунад[2173]. info

[2172] Касе, ки даъвои хабари ғайб мекунад.
[2173] Тафсири Саъдӣ 1/ 700

التفاسير:

external-link copy
11 : 37

فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَهُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَم مَّنۡ خَلَقۡنَآۚ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّن طِينٖ لَّازِبِۭ

11. Пас, эй Паёмбар аз кофироне, ки аз нав зинда шуданро инкор мекунанд бипурс, ки офариниши онҳо душвортараст ё он чи Мо офаридаем. Ҳароина, Мо падарашон Одамро аз гили часпанда офаридаем. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 37

بَلۡ عَجِبۡتَ وَيَسۡخَرُونَ

12. Балки ту эй Паёмбар таъаҷҷуб мекунӣ аз дӯруғ бароварданашон ва мункир шуданашон баъсро[2174] ва аҷибтар ин аст, ки онҳо туро истеҳзо ва суханҳоятро масхара мекунанд. info

[2174]Аз нав зинда шудани баъд аз мурдан.

التفاسير:

external-link copy
13 : 37

وَإِذَا ذُكِّرُواْ لَا يَذۡكُرُونَ

13. Ва чун онҳоро хотиррасон карда панд дода шавад он чизеро ки фаромӯш кардаанд ё ғофил мондаанд, пандро намепазиранд. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 37

وَإِذَا رَأَوۡاْ ءَايَةٗ يَسۡتَسۡخِرُونَ

14. Ва чун мӯъчизаеро бубинанд, ки далолат ба паёмбарии ту мекунад, онро ба масхара мегиранд. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 37

وَقَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٌ

15. Ва гӯянд: « Ин чизе, ки ту овардаӣҷуз ҷодуи ошкоре нест, info
التفاسير:

external-link copy
16 : 37

أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ

16. оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухони пӯсида шудем, боз аз нав зинда хоҳем шуд? info
التفاسير:

external-link copy
17 : 37

أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ

17. Оёпадарони гузаштаи мо низ зинда хоҳанд шуд? info
التفاسير:

external-link copy
18 : 37

قُلۡ نَعَمۡ وَأَنتُمۡ دَٰخِرُونَ

18. Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Ореҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле ки хору бечора хоҳед буд!» info
التفاسير:

external-link copy
19 : 37

فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ فَإِذَا هُمۡ يَنظُرُونَ

19.Пас албатта аз нав зинда шудан ба як садои маргбор аст. Пас онҳо бармехезанд аз қабрҳояшон ва мебинанд аҳволи қиёматро.[2175] info

[2175] Тафсири Бағавӣ 7\37

التفاسير:

external-link copy
20 : 37

وَقَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا هَٰذَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ

20. Ва мегӯянд: «Ҳалокӣ бар мо, ин ҳамон рӯзи ҳисоб ва ҷазост!» info
التفاسير:

external-link copy
21 : 37

هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ

21. Гуфта шавад ба онҳо: Ин ҳамон рӯзи доварӣ ҳаст, ки дар дунё дурӯғашмепиндоштед. info
التفاسير:

external-link copy
22 : 37

۞ ٱحۡشُرُواْ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ وَأَزۡوَٰجَهُمۡ وَمَا كَانُواْ يَعۡبُدُونَ

22. Гуфта шавад ба фариштагон: Ҷамъ кунед онҳоеро, ки ба Аллоҳ кофир шуданд ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ ва ҳамроҳ бо он чи мепарастиданд, info
التفاسير:

external-link copy
23 : 37

مِن دُونِ ٱللَّهِ فَٱهۡدُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡجَحِيمِ

23. ба ҷои Аллоҳи якто, пас биронед онҳоро, рондане дурушт сӯӣ ҷаҳаннам. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 37

وَقِفُوهُمۡۖ إِنَّهُم مَّسۡـُٔولُونَ

24. Ва ононро пеш аз расидан сӯи ҷаҳаннам нигаҳ доред, ҳамоно бояд, ки пурсуҷӯ шаванд[2176]. info

[2176] Яъне, аз корҳо ва гуфторҳои ботиле, ки дар дунё мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1/701

التفاسير: