ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර්

පිටු අංක:close

external-link copy
23 : 33

مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ رِجَالٞ صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُواْ ٱللَّهَ عَلَيۡهِۖ فَمِنۡهُم مَّن قَضَىٰ نَحۡبَهُۥ وَمِنۡهُم مَّن يَنتَظِرُۖ وَمَا بَدَّلُواْ تَبۡدِيلٗا

23. Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймони Аллоҳ вафо карданд ва дар сахтию душвориҳо сабр пеша намуданд. Баъзе бар сари паймони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷон бохтанд ё бар сидқу вафо аз дунё гузаштанд ва баъзе чашм ба роҳанд; ё нусрат ё шаҳодат ва мисли мунофиқон ҳеҷ паймонашонро дигаргун накардаанд,[2046] info

[2046] Тафсир Саъдӣ 1\660

التفاسير:

external-link copy
24 : 33

لِّيَجۡزِيَ ٱللَّهُ ٱلصَّٰدِقِينَ بِصِدۡقِهِمۡ وَيُعَذِّبَ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ إِن شَآءَ أَوۡ يَتُوبَ عَلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا

24. то Аллоҳ ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон подош диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад. Ва пеш аз маргашон ба тавбаи насуҳ муваффақ нашаванд, пас бар куфр бимиранд ва муҷиби дӯзах гарданд ё тавбаи онҳоро бипазирад ва ба роҳи имон ҳидояташон кунад. Албатта, Аллоҳ барои касе, ки гуноҳи беҳад карда, баъд аз он тавбаи насуҳ кардааст, омурзандаву меҳрубон аст![2047] info

[2047] Тафсири Табарӣ 20\242

التفاسير:

external-link copy
25 : 33

وَرَدَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِغَيۡظِهِمۡ لَمۡ يَنَالُواْ خَيۡرٗاۚ وَكَفَى ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلۡقِتَالَۚ وَكَانَ ٱللَّهُ قَوِيًّا عَزِيزٗا

25. Аллоҳ кофирони хашмгирифтаро аз Мадина ноумед кард ва бозпас гардонид. Инҳо на дар дунё ва на дар охират ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Аллоҳ бо мадади худ басанда аст. Зеро Аллоҳ дар мулки худ пуртавону пирӯзманд аст! info
التفاسير:

external-link copy
26 : 33

وَأَنزَلَ ٱلَّذِينَ ظَٰهَرُوهُم مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ مِن صَيَاصِيهِمۡ وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلرُّعۡبَ فَرِيقٗا تَقۡتُلُونَ وَتَأۡسِرُونَ فَرِيقٗا

26. Ва Аллоҳ ононро аз аҳли Китоб, ки ба ин лашкарҳо мададгорӣ карда буданд аз қалъаҳояшон фуруд овард (яъне, яҳудиҳои бани Қурайза) ва дар дилҳояшон биму тарс афканд, пас шикаст хӯрданд. Гурӯҳе мардони ҷангиро мекуштанд ва гурӯҳе занон ва кудаконашонро асир мегирифтанд.[2048] info

[2048] Тафсири Саъдӣ 1\660

التفاسير:

external-link copy
27 : 33

وَأَوۡرَثَكُمۡ أَرۡضَهُمۡ وَدِيَٰرَهُمۡ وَأَمۡوَٰلَهُمۡ وَأَرۡضٗا لَّمۡ تَطَـُٔوهَاۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٗا

27. Эй мӯъминон , Аллоҳ замину хонаҳо ва амволашон , ки иборат аз зевару чорпоён ва силоҳ буд ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ки он заминҳо дар назди соҳибашон иззату эҳтиром доштанд, ба шумо вогузошт. Ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност! info
التفاسير:

external-link copy
28 : 33

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ قُل لِّأَزۡوَٰجِكَ إِن كُنتُنَّ تُرِدۡنَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا وَزِينَتَهَا فَتَعَالَيۡنَ أُمَتِّعۡكُنَّ وَأُسَرِّحۡكُنَّ سَرَاحٗا جَمِيلٗا

28. Эй Паёмбар, ба занонат онон, ки гирди ту ҷамъ омаданд ва аз ту нафақаи зиёд талаб доранд, бигӯ: « Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо бо ҳадяи муносиб баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам.[2049] info

[2049] Тафсири Саъдӣ 1\662

التفاسير:

external-link copy
29 : 33

وَإِن كُنتُنَّ تُرِدۡنَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَ فَإِنَّ ٱللَّهَ أَعَدَّ لِلۡمُحۡسِنَٰتِ مِنكُنَّ أَجۡرًا عَظِيمٗا

29. Ва агар хоҳони ризогии Аллоҳу паёмбари Ӯ ва сарои ҷаннати доимии охират ҳастед, пас, ба ҳар ҳол сабр кунед, ҳароина, Аллоҳ ба некӯкоронатон подоши бузурге хоҳад дод. Пас онҳо ризогии Аллоҳ ва расулашро ва сарои охиратро ихтиёр намуданд.[2050] info

[2050] Тафсири Саъдӣ 1\662

التفاسير:

external-link copy
30 : 33

يَٰنِسَآءَ ٱلنَّبِيِّ مَن يَأۡتِ مِنكُنَّ بِفَٰحِشَةٖ مُّبَيِّنَةٖ يُضَٰعَفۡ لَهَا ٱلۡعَذَابُ ضِعۡفَيۡنِۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٗا

30. Эй занони Паёмбар, ҳар кас аз шумо ба кори зишти ошкоре муртакиб шавад, Аллоҳ азоби ӯро ду баробар мекунад. Ин ба сабаби ҷойгоҳи Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мартабаи бузурги ҳамсаронашон аст. Ва ин бар Аллоҳ осон аст.[2051] info

[2051] Тафсири Бағавӣ 6\348

التفاسير: