ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර්

පිටු අංක:close

external-link copy
6 : 28

وَنُمَكِّنَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَنُرِيَ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا مِنۡهُم مَّا كَانُواْ يَحۡذَرُونَ

6. Ва онҳоро дар он сарзамин (Мисру Шом) обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон (вазири Фиръавн) ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд[1871], нишон диҳем. info

[1871] Яъне, метарсиданд аз рафтани мулкашон ва бадар шуданашон аз диёрашон ба сабаби таваллуди Мӯсо алайҳиссалом.

التفاسير:

external-link copy
7 : 28

وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰٓ أُمِّ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَرۡضِعِيهِۖ فَإِذَا خِفۡتِ عَلَيۡهِ فَأَلۡقِيهِ فِي ٱلۡيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحۡزَنِيٓۖ إِنَّا رَآدُّوهُ إِلَيۡكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

7.Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки ӯро шир бидеҳ ва агар бар ӯтарсидӣ ба дарёи Нил биандоз ва матарсу ғамгин машав, ӯро ба ту, ҳатман бозмегардонем ва ӯро аз паёмбарон қарор медиҳем. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 28

فَٱلۡتَقَطَهُۥٓ ءَالُ فِرۡعَوۡنَ لِيَكُونَ لَهُمۡ عَدُوّٗا وَحَزَنًاۗ إِنَّ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا كَانُواْ خَٰطِـِٔينَ

8. Пас, ҳангоме ки модари Мӯсо ӯро дар сандуқ ниҳод ва ба дарё афканд, ёрдамчиҳои Фиръавн ӯро аз об баргирифтанд, то саранҷоми душмани онон ва мояи андӯҳашон гардад. Ҳароина, Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон хатокор (мушрик) буданд.[1872] info

[1872] Тафсири Саъдӣ 1\612

التفاسير:

external-link copy
9 : 28

وَقَالَتِ ٱمۡرَأَتُ فِرۡعَوۡنَ قُرَّتُ عَيۡنٖ لِّي وَلَكَۖ لَا تَقۡتُلُوهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

9. Ва зани Фиръавн (Осия барои Фиръавн) гуфт: «Ин тифл мояи шодмонии ману туст. Ӯро макушед, шояд ба мо нафъе бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва онҳо ҳақиқати ҳолро намедонистанд, ки ҳалокиашон аз дасти он тифл аст[1873]. info

[1873] Тафсири Бағавӣ 6\193

التفاسير:

external-link copy
10 : 28

وَأَصۡبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَىٰ فَٰرِغًاۖ إِن كَادَتۡ لَتُبۡدِي بِهِۦ لَوۡلَآ أَن رَّبَطۡنَا عَلَىٰ قَلۡبِهَا لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

10. Ва дили модари Мӯсо аз ҳама чизҳои дунё холӣ гашт, ба ҷуз ғами Мӯсо. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, ки аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он чӣ дар дил дошт, онро ошкор кунад. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 28

وَقَالَتۡ لِأُخۡتِهِۦ قُصِّيهِۖ فَبَصُرَتۡ بِهِۦ عَن جُنُبٖ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

11. Ва ҳангомеки модари Мӯсо, Мӯсоро ба дарё афканд, ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз пайи ӯ бирав». Ва хоҳараш ӯро аз дур медид, ҳол он ки онҳо (қавми Фиръавн) намедонистанд, ки ӯ хоҳараш мебошад.[1874] info

[1874] Тафсири Табарӣ 19\530

التفاسير:

external-link copy
12 : 28

۞ وَحَرَّمۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَرَاضِعَ مِن قَبۡلُ فَقَالَتۡ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰٓ أَهۡلِ بَيۡتٖ يَكۡفُلُونَهُۥ لَكُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ نَٰصِحُونَ

12. Ва пистони ҳамаи занони ширдеҳро пеш аз баргаштанаш ба сӯи модараш бар ӯ ҳаром карда будем.Хоҳараш гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае раҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон шир диҳад ва некӯ тарбия кунад ва онҳо барои ӯ некхоҳ бошанд?» info
التفاسير:

external-link copy
13 : 28

فَرَدَدۡنَٰهُ إِلَىٰٓ أُمِّهِۦ كَيۡ تَقَرَّ عَيۡنُهَا وَلَا تَحۡزَنَ وَلِتَعۡلَمَ أَنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

13. Пас, Мӯсоро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан аз дидори тифлаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст, ки фарзандашро ба ӯ бозмегардонад ва ба паёмбариаш мехонад, вале бештари мардум ҳақ будани ваъдаи Аллоҳро намедонанд![1875] info

[1875] Тафсири Бағавӣ 6\195

التفاسير: