ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

පිටු අංක:close

external-link copy
82 : 6

ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يَلۡبِسُوٓاْ إِيمَٰنَهُم بِظُلۡمٍ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡأَمۡنُ وَهُم مُّهۡتَدُونَ

Касоне, ки имон овардаанд ва имонашонро ба [ҳеҷ] ширке наолудаанд, ононанд, ки амн [-у оромиш] доранд ва роҳёфтагонанд» info
التفاسير:

external-link copy
83 : 6

وَتِلۡكَ حُجَّتُنَآ ءَاتَيۡنَٰهَآ إِبۡرَٰهِيمَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ

Ва ин [истидлол] ҳуҷҷати мо буд, ки ба Иброҳим дар баробари қавмаш додем. [Дар дунё ва охират мақоми] Ҳар киро, ки биҳоҳем, ба дараҷоти болое мебарем. [Эй паёмбар] Бе тардид, Парвардигорат ҳакиму доност info
التفاسير:

external-link copy
84 : 6

وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۚ كُلًّا هَدَيۡنَاۚ وَنُوحًا هَدَيۡنَا مِن قَبۡلُۖ وَمِن ذُرِّيَّتِهِۦ دَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ وَأَيُّوبَ وَيُوسُفَ وَمُوسَىٰ وَهَٰرُونَۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва ба ӯ [Иброҳим] Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамаро [ба роҳи рост] ҳидоят кардем.Ва пештар Нуҳро [низ] ҳидоят карда будем ва аз насли ӯ Довуд, Сулаймон, Аюб, Юсуф, Мӯсо ва Ҳорунро [ба роҳи ҳақ раҳнамун гаштем] ва накукоронро ингуна подош медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
85 : 6

وَزَكَرِيَّا وَيَحۡيَىٰ وَعِيسَىٰ وَإِلۡيَاسَۖ كُلّٞ مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Ва [ҳамчунин] Закариё, Яҳё, Исо ва Илёс[-ро роҳ намудем, ки] ҳама аз шоистагон буданд info
التفاسير:

external-link copy
86 : 6

وَإِسۡمَٰعِيلَ وَٱلۡيَسَعَ وَيُونُسَ وَلُوطٗاۚ وَكُلّٗا فَضَّلۡنَا عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва Исмоил, Ясаъ, Юнус ва Лут[-ро низ ҳидоят кардем] ва ҷумлагиро бар ҷаҳониён бартарӣ додем info
التفاسير:

external-link copy
87 : 6

وَمِنۡ ءَابَآئِهِمۡ وَذُرِّيَّٰتِهِمۡ وَإِخۡوَٰنِهِمۡۖ وَٱجۡتَبَيۡنَٰهُمۡ وَهَدَيۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

Ва [низ] аз падарон ва фарзандону бародаронашон [бархеро бартарӣ додем ва] ононро баргузидем ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем info
التفاسير:

external-link copy
88 : 6

ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهۡدِي بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۚ وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ин ҳидояти Аллоҳи мутаол аст, ки ҳар касе аз бандагонашро, ки бихоҳад, бо он ҳидоят мекунад ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд info
التفاسير:

external-link copy
89 : 6

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَۚ فَإِن يَكۡفُرۡ بِهَا هَٰٓؤُلَآءِ فَقَدۡ وَكَّلۡنَا بِهَا قَوۡمٗا لَّيۡسُواْ بِهَا بِكَٰفِرِينَ

Инон касоне ҳастанд, ки ба эшон китобу ҳикмат ва нубувват бахшидем. Пас, [эй паёмбар] агар инон [ мушрикон] ба ин [паёмбарон ва китобҳои илоҳӣ] куфр биварзанд, ҳатман, гурӯҳ [-и муҳоҷирин ва ансор ва тобеин]-ро бар [ҳифзу нигаҳбонии] он [усулу ақоид] мегуморем, ки нисбат ба он кофир набошанд info
التفاسير:

external-link copy
90 : 6

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۖ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقۡتَدِهۡۗ قُل لَّآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًاۖ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡعَٰلَمِينَ

Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон кардааст, пас, [эй паёмбар] аз ҳидоят [-у роҳи рост]-и эшон пайравӣ кун, [ва ба қавмат] бигӯ: «Ман дар баробари ин [рисолат] подоше аз шумо намехоҳам. Ин [Қуръон чизе] нест, магар [ёдоварӣ ва] панде барои ҷаҳониён» info
التفاسير: