ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

external-link copy
25 : 57

لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَنزَلۡنَا مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمِيزَانَ لِيَقُومَ ٱلنَّاسُ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَأَنزَلۡنَا ٱلۡحَدِيدَ فِيهِ بَأۡسٞ شَدِيدٞ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥ وَرُسُلَهُۥ بِٱلۡغَيۡبِۚ إِنَّ ٱللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٞ

Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон [-и ташхиси ҳақ аз ботил] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд. Ва оҳан [ва соири фулузот]-ро падид овардем, ки дар он ҳам неруе шадид вуҷуд дорад ва ҳам манофее барои мардум. [Чунин кардем] То Аллоҳ таоло бидонад, чи касоне бидуни он ки Парвардигорашонро бубинанд, [бо ҷангафзорҳои оҳанин] Ӯ ва паёмбаронашро [дар майдонҳои ҷанг] ёрӣ мекунанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст info
التفاسير: