ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

Луқмон

external-link copy
1 : 31

الٓمٓ

Алиф, лом, мим.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 31

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡحَكِيمِ

Ин оёти китоби ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 31

هُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّلۡمُحۡسِنِينَ

[Ки] Ҳидоят ва раҳмате барои накукорон аст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 31

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ

Касоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 31

أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Онон аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидояте бархурдоранд ва ононанд, ки растагоранд info
التفاسير:

external-link copy
6 : 31

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشۡتَرِي لَهۡوَ ٱلۡحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ

Ва аз мардум касе ҳаст, ки дар пайи сухани ёва аст, то [дигаронро] аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ созад ва он [оёти равшангар]-ро ба тамасхур мегирад. Онон [ки рафторашон чунин аст], азоби хоркунанда [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 31

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا وَلَّىٰ مُسۡتَكۡبِرٗا كَأَن لَّمۡ يَسۡمَعۡهَا كَأَنَّ فِيٓ أُذُنَيۡهِ وَقۡرٗاۖ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Ва ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда мешавад, мутакаббирона рӯй мегардонад, гӯё онро нашнида [ва] гӯё дар гӯшҳояш сангинӣ аст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат деҳ info
التفاسير:

external-link copy
8 : 31

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلنَّعِيمِ

Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, боғҳои пурнеъмати [биҳишт] барои эшон аст info
التفاسير:

external-link copy
9 : 31

خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
10 : 31

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ بِغَيۡرِ عَمَدٖ تَرَوۡنَهَاۖ وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖۚ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ

Чунон ки мебинед, [Аллоҳ таоло] осмонҳоро бидуни сутун офарид ва дар замин кӯҳҳои устувор [-у муҳкаме] пайафканад, то [замини] шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда сохт ва аз осмон обе фиристодем ва аз ҳар [гиёҳ]-и судманде дар он рӯёндем info
التفاسير:

external-link copy
11 : 31

هَٰذَا خَلۡقُ ٱللَّهِ فَأَرُونِي مَاذَا خَلَقَ ٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦۚ بَلِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Ин офариниши Аллоҳ таоло аст. Инак [эй мушрикон] ба ман нишон диҳед, ки касоне, ки ғайр аз Ӯ ҳастанд [ва шумо мепарастедашон] чи офаридаанд? Балки ситамгорон [мушрикон] дар гумроҳии ошкоранд info
التفاسير: