ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

පිටු අංක:close

external-link copy
16 : 30

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَلِقَآيِٕ ٱلۡأٓخِرَةِ فَأُوْلَٰٓئِكَ فِي ٱلۡعَذَابِ مُحۡضَرُونَ

Ва аммо онон, ки куфр варзиданд ва оёти Мо ва дидорамон дар охиратро дурӯғ ангоштанд, инон эҳзоршудагон дар азобанд info
التفاسير:

external-link copy
17 : 30

فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ حِينَ تُمۡسُونَ وَحِينَ تُصۡبِحُونَ

Пас, Аллоҳро ба покӣ ситоиш кунед, он гоҳ ки ба шаб дармеоед ва он дам, ки ба субҳ мерасед info
التفاسير:

external-link copy
18 : 30

وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَعَشِيّٗا وَحِينَ تُظۡهِرُونَ

ва асргоҳон ва ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед ва ҳамду ситоиш дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст info
التفاسير:

external-link copy
19 : 30

يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَيُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۚ وَكَذَٰلِكَ تُخۡرَجُونَ

Ӯ [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон [нутфа] падид меоварад ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда месозад ва [шумо низ рӯзи қиёмат] инчунин барангехта мешавед info
التفاسير:

external-link copy
20 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ إِذَآ أَنتُم بَشَرٞ تَنتَشِرُونَ

Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас инсонҳое шудед [ки таваллуди мисл кардед ва дар замин] пароканда гаштед info
التفاسير:

external-link copy
21 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةًۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ

Ва дар нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон муҳаббату меҳрубонӣ падид овард. Бе гумон, дар ин [неъмат] барои хирадварзон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст info
التفاسير:

external-link copy
22 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفُ أَلۡسِنَتِكُمۡ وَأَلۡوَٰنِكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡعَٰلِمِينَ

Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳо ва рангҳои шумост. Бе тардид, дар ин [умур] барои донишварон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст info
التفاسير:

external-link copy
23 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ مَنَامُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱبۡتِغَآؤُكُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ

Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст info
التفاسير:

external-link copy
24 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ يُرِيكُمُ ٱلۡبَرۡقَ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَيُحۡيِۦ بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст info
التفاسير: