ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - තාජිකී පරිවර්තනය - රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානය

Фурқон

external-link copy
1 : 25

تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا

Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки Қуръонро [ки ҷудокунандаи ҳақ ва ботил аст] бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад info
التفاسير:

external-link copy
2 : 25

ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖ فَقَدَّرَهُۥ تَقۡدِيرٗا

Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст info
التفاسير: